Навгонӣ

Маркази саломатӣ соҳиби 10 таҷҳизоти тибби муосир шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва маблағгузории Сафоратхонаи кишвари Ҷопон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон маркази саломатии № 4 шаҳри Хуҷанд дорои таҷҳизоти муосири тиббӣ гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовини аввали сафири давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чие Тамура аз фаъолияти ин маркази тиббӣ ва таҷҳизоти нав дидан намуданд.
Дар доираи ин кӯмаки бебозгашт ба маркази саломатии №4 10 намуд таҷҳизоти тиббии ташхисӣ- табобатӣба маблағи умумии беш аз 90 ҳазор доллари ИМА харидорӣ гашта, барои сари вақт аз ташхис гузаронидани сокинон ва бо сифат муқаррар намудани бемории онҳо мусоидат хоҳад кард.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили ташхиси ултрасадоӣ, дастгоҳи флюрографӣ, сабти барқии кори шараёни дил, таҷҳизоти физеотерапевтӣ рақамӣ буда, бо воситаи компютер идора мешаванд.

Мулоқоти варзишгарон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ

Тибқи нақшаи якчояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумхурии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд, Бахши Ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ доир гардид.
Дар мулоқот роҳбарон ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, номояндагони руҳониёни шаҳр, варзишгарони шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Қабули навбатии сокинон дар мақомоти шаҳрӣ.Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули навбатии шаҳрвандон баргузор гардид.
Ҳамагӣ барои баррасии масъалаҳои худ 27 нафар сокинон муроҷиат намуданд.
Барои гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ 2 нафар дастрас намудани масолеҳи сохтмонии ройгон ва таъмири хонаи истиқоматӣ 4 нафар, мусоидат барои гирифтани табобати ройгон 3 нафар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки сокинон дархост намуданд.
Барои баррасии саривақтии муроҷиати сокинон мутасддиён вазифадор карда шуданд.

alt

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо мардуми шарафманди Хуҷандро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.
Боиси хушбахтӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади олии ҳуқуқиест, ки сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад.

Сокинони шаҳр барои зимистон маводи ғизо захира менамоянд.Бо максади паст намудани нархи маҳсулоти ғизо баргузории намоиш-фурӯши муваққатии маҳсулоти ниёзи аввала ва кишоварзӣ дар хиёбону майдонҳои шаҳри Хуҷанд рӯзҳои шанбе ба ҳукми анъана даромадааст.
Ааз субҳи барвақти имрӯз низ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» намоши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Деҳқонону фурӯшандагон ба харидорон маҳсулоти мевагию полезӣ аз қабили сабзию картошка, лаблабую биринҷ, пиёзу карам, ҳамчунин гӯшту равған ва дигар намуди маҳсулотро пешкаш намуданд.
Назар ба иттилои масъулини шӯъбаи иқтисод ва рушди савдо, тамоми маҳсулоти бо нархҳои то 20 фоиз арзон нисбати нархҳои бозорҳои шаҳр ва марказҳои савдо ба фурӯш гузошта шуда, кишоварзон ба ҳаҷми беш аз 100 тонна маҳсулоти хушсифатро ба фурӯш оварданд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...