Навгонӣ
20 Феврал 2017
Ҳамасола аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти Аврупоии тадқиқотӣ беҳтарин донишҷӯёни вилоят ба гирифтани мукофоти идрорпулии ба номи Дмитрий Иванович Менделеев сазовор мешаванд.
Дирӯз дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд маросими супоридани идрорпулӣ ба ғолибони навбатӣ доир шуд. Хуршеда Содиқова танзимгари ин ташкилот аз номи ин ҷамъият кулли ҷавононро ба муносибати эълон шудани соли 2017- соли ҷавонон табрик намуда, қайд кард, ки ташкилоти мазкур бо мақсади тақвияти дониши донишҷӯён ва мустаҳкам намудани робитаи ҷавонони кишвар бо Русия ин ҷоизаро ташкил намуда, то имрӯз наздик ба 110 нафар донишҷӯёни фаъол чунин идрорпулиҳоро додааст.







