Навгонӣ

Дар хонаи пиронсолон «Ҳуҷраи варзиш» ташкил карда шуд.

Бахшида ба Иди Фитр ва рӯзи маюбону пиронсолон, ки ҳамасола санаи 8 июль қайд карда мешавад, дар муассисаи давлатии Маркази митақавии пиронсолон ва маюбони шаҳри Хуҷанд чорабинии идона ва хайриявӣ баргузор гардид.
Дар оғози он мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шаҳри Хуҷанд Камолҷон Комилов, Директори Маҷмаи фарҳангию фароғатӣ ва таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов ва директори Китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирӣ Абдуғаффор Маллаев ширкат намуда, ҳозиронро бо Иди саиди Фитр табрик намуданд.
Ҳоло дар ин муассисаи иҷтимоӣ 53 нафар шахсони ба парасторӣ ниёзманд истиқомат дошта, ба ғамхории ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ фарогир ҳастанд.

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва баракати бешуморро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини мардуми мусулмон ва нишонаи эҳтирому гиромидошти оини деринаи халқ бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор рафта, дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо бо хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид.

Дини мубини Ислом яке аз динҳои тозатарину боадолаттарини рӯи дунёст. Зеро дар он адолати иҷтимоӣ нигоҳ дошта шуда, табақаҳои гуногуни ҷамъиятро бо ҳам муттаҳид месозад. Иди саиди Фитр яке аз ду иди ин дини мубин аст, ки он пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Моҳи шарифи Рамазон дар худ як қатор фазилатҳоро ғунҷониш додааст, ки давоми ин моҳ мардум онро иҷро мекунад. Оид ба фазилатҳои ин моҳи шариф ва таҷлили Иди Фитр пурсиши навбатии сарироҳии мо гузаронида шуд, ки посухҳои сокинон ва меҳмонони Хуҷанди бостониро манзури хонандагони арҷманд месозем.
Дилафрӯзхон Носирова, модари ду фарзанд, соҳибхона:
-Моҳи шарифи Рамазон моҳи мағфирату ибодат, моҳи накӯкориву эҳсон, хайрхоҳиву савобҷӯӣ аст. Бинобар ин, ҳар шахс новобаста аз он, ки ӯ рӯза дошт ва ё на, метавонад то қадри имкон ба шахсони муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз намуда, ҳоҷатбарори онҳо бошад.

Раиси шаҳр дар меҳмонии шахсони кӯҳансолтарини Хуҷанд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи Иди саиди Фитр шахсони ниёзманду имконияташон маҳдудро аёдат намуда кӯмаки яквақтаина расонд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар арафаи таҷлили Иди Саиди Фитр 10 нафар шахсони эҳтиёҷманд, собиқадорони меҳнат, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд ва нафарони кӯҳансолтарини Хуҷандро аёдат намуд.
Сараввал Шарифзода Шариф Файз ба аёдати хонаводаи Одиловҳо омад. Дар ин манзил ҷанговари матин, барқароркунандаи сохти конститутсионӣ, шодравон Одилҷон Калонов умр ба сар бурдааст. Раиси шаҳр падари хонавода Дадоҷон Калоновро бо Иди Фитр табрик намуда, зикр намуд, ки мақомоти давлатӣ барои расондани кӯмаки ҳамаҷониба ба онҳо ҳамеша омода аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон аз оғози моҳи июли соли равон мувофиқи қонунгузории Парлумони кишвар мавриди амал қарор гирифтани манъи издивоҷи хешутаборӣ, махсусан амакбачаҳо, аммабачаҳо, холабачаҳо ва тағобачаҳо бо ҳамдигар хеле бамаврид ва тақозои замон аст.
Аслан, оила муассисаи қадимиест, ки аз замони офариниши инсон мавҷуд аст ва агарчи умри чандинҳазорсола дорад, ҳаргиз куҳна нашудааст. Инсон дар оила ба камол мерасад ва зиндагиаш ба мавҷудияти оила марбут аст. Оилае, ки дар доираи қонунҳои шаръӣ бунёд шудааст, василаи камолоти моддӣ ва маънавии инсон мебошад. Вайрон гардидани оила ва ё берун аз доираи машраъ таъсис ёфтани он ҳалокати миллат ва ҳатто ҳалокати инсониятро дар пай дорад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...