Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Намояндаи шаҳри Хуҷанд Чемпиони Тоҷикистон оид ба БрекдансДирӯз дар  пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар  толори «New ERA Dance & Fitness Studio» мусобиқаи марҳалавии интихобии ҳарсолаи брекданс бо номи Red Bull BC One баргузор гардид. Дар он 20 нафар беҳтаринҳо аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ барои ширкат дар марҳалаи Осиёи миёнагӣ мусобиқа намуданд. Мусобиқаро, ки  бо иштироки бештар аз 1000 нафар мухлисон баргузор гардид довари дараҷаи олӣ аз Венесуела Ту Ҷӣ сардоварӣ кард. Дар натиҷаи мубориза тезу тунд аъзои гуруҳи брекдансчиёни шаҳри Хуҷанд Саидакмал Саидзода бо номи Bboynimble ғолиби мусобиқа ҳамзамон Чемпиони Тоҷикистон оид ба Брекданс гардид ва ба роҳхат мусобиқаи Осиёи Маркази ки моҳи август дар шаҳри Алмаато баргузор мегардад соҳиб шуд. Ҷои дуввум ва севвум насиби варзишгарон аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва Душанбе гардиданд, ки намояндаи шакҳри Қӯрғонтеппа Хуршед Ҳомидов бо номи bboyKhura соҳиби роҳхати дуввум гардид.

Моҳонаи ободонӣ дар маҳаллаи Чашмаи арзанаВохӯрии навбатии Раиси шаҳр Шариф Шарифзода бо сокинони кумитаи маҳаллаи Чашмаи арзана баргузор гардид. Дар он вакилони мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Абдулатиф Раҳимов ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Иброҳим Набизода, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолони маҳалла иштирок карданд.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода сухан аз таърихи бунёди маҳаллаи Чашмаи арзана оғоз карда, ба сокинон доир ба иқдоми созандаву бунёдкоронаашон ва ба макони ободу сабзпӯш табдил додани ин мавзеи кӯҳсор арзи сипос гуфт. Ҳамзамон аз омадагии мардуми кишвар ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, изҳор дошт, ки ҳадафи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардуми кишвар мебошад.

Дармонгоҳи стомотологии хусусии «Садаф-Хуҷанд» ифтитоҳ гардид.Дар хиёбони ба номи И. Сомонии маркази вилоят Дармонгоҳи стомотологии хусусии «Садаф-Хуҷанд» ба фаъолият оғоз намуд.
Дар расми кушоди дармонгоҳи номбурда Салимзода Нусратулло Файзулло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуданд.
Дармонгоҳи мазкур аз панҷ шӯъба иборат буда, 12 нафар кормандон ҳамарӯза барои хизматрасонии ниёзмандон омода ҳастанд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки бештар аз 10 номгӯй таҷҳизоти муосири барои ташхис муолиҷа ва дигар амалиётҳои тиббии соҳаи дандонпизишкӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия оварда шуда, дар ин самти хизматрасонӣ  имкониятҳои боз ҳам бештар ва босифат ба сокинон пешниҳод карда мешавад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дар шаҳр фаъолиятбаранда нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар ин конфронси матбуотӣ, ки дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, муовинони Раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов иштирокдори нишасти матбуотӣ буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода аз дастоварду муаммоҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сухан карда, оид ба даромади буҷети маҳаллӣ ва иҷрои андоз, соҳаҳои саноат ва иқтисод, маориф ва тиб, фарҳангу ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, алоқаву нақлиёт ва сохтмону ободониҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Машқи тирпарронӣ

Бо мақсади такмили маҳорату малакаи ҷангии аскарону афсарони дар захира буда, дар асоси нақшаи кории комиссариати ҳарбии шаҳр рӯзи гузашта дар машқгоҳи ҳарбии Гарннизони ҳарбии вилоят воқеъ дар мавзеи «Чоруқдаррон» машқи тирпарронӣ гузаронида шуд.
Дар он зиёда аз 600 нафар собиқ аскарону афсарони мустаъфӣ, ки шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҳастанд, хусусан, собиқадорони ҷанги Афғонистон, иштирокчиёни барқарорунии сохти конститутсионии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ таҳти фармондеҳии комиссари ҳарбии шаҳр, полковник Эҳсон Ғанихоҷаев гузашт, ки дар он ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии шаҳр ва як зумра афсарону аскарони қисми низомии маскуни шаҳр дар гузаронидани ин чорабинӣ кӯмак карданд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло ҳамчун сарпарасти соҳа ба машқгоҳ омада бо рафти машқҳо шинос шуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...