Навгонӣ

Мулоқоти Пешвои миллат бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин ЖуйтсӣДар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо дарназардошти воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориро дар самти омода кардани мутахассисони тоҷик барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Ширкати Хуавей бо Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад. Дар намояндагии ширкати Хуавей (Huawei) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 140 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, аз он 135 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй СингҲамчунин як мулоқоти самимӣ  ва созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй Синг доир намуданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи соҳибкорони чиниро ба захираҳои калони ангишти Тоҷикистон, истифодаи он дар истеҳсолот, ҷалби сармоя ва технологияи навтарини истихроҷ ва коркарди ангишт, истифодаи ангишт дар таъмини неруи гармӣ ба аҳолӣ ҷалб намуданд.
Роҳбарияти Ширкат дар навбати худ таъкид доштанд, ки айни ҳол бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи пурсамар доранд ва оянда бо дастгирии роҳбарияти давлату ҳукумат бо ворид кардани технологияи муосир дар самти истихроҷу истифодаи ангишт ва дигар моддаҳои кимиёвӣ барои истеҳсолот дар Тоҷикистон ҳамкориро таҳкиму тавсеа мебахшанд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент (ZTE), муассиси ширкат Хоу ВейгуДар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент Зетеӣ (ZTE) Хоу Вейгу мулоқот карданд.
Зимни суҳбат масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.
Ширкати Зетеӣ (ZTE) дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол фаъолият дорад ва намояндагони ширкат мақсад доранд оянда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кам кардани талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон ва ҳукумати электронӣ ҳамкориҳоро густариш диҳанд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван СинйеДар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе мулоқот карданд.
Дар ҷараёни суҳбат дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ ва масъалаҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муштарак баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати дарҳои боз барои ҷалби сармояи хориҷӣ фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам овардааст ва Ширкати Поли Технолоҷӣ низ метавонад дар радифи дигар ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти судовар дошта бошад.

Мулоқоти Пешвои миллат бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу ШанДар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.
Дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шанро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон баҳои арзанда доданд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...