Навгонӣ
10 Август 2016

Майдончаҳои мазкур бо алафи сунъӣ руйпӯш гардида ба масоҳати 44 ба 24 метр сохта шудааст.
Соҳибкори инфиродӣ Муминҷон Азизов давоми ду моҳ бо кӯмаки ширкати сохтмонии «Замон» ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ майдончаи мазкурро бунёд намудааст.
Бо назардошти он, ки майдончаи мазкур дар шафати мактаби таҳсилоти умумии № 14 шаҳри Хуҷанд бунёд гардидааст, минбаъд муҳассилини ин мактаб имкон доранд аз соати 08.00 то соати 15.00 дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва чорабиниҳои варзиширо ҳамарӯза дар ин майдончаҳои замонавӣ баргузор намоянд.
Муфассал... Шарҳ додан