1736
(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)
22 Июл 2016

Дар толори маҷлисҳои «Кохи Рӯдакӣ» бо иштироки соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони соҳибкории вилояти Нижегородски Федератсияи Русия вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва ҷонишини Губернатор, ҷонишини раиси мақомоти ҳокимияти вилояти Нижегородск, вазири саноат, савдо ва соҳибкории вилояти Нижегородски Федератсияи Русия Люлин Евгений Борисович иштирок карданд ва сухан ронданд.
Вохӯриро Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба шаҳри бостонии Хуҷанд хайрамақдам гуфт. Зимни суханрониаш аз дӯстии халқҳои тоҷику рус, аз он ҷумла шаҳри Хуҷанд бо шаҳрҳои вилояти Нижегородск изҳори хушнудӣ карда, зикр сохт, ки халқи тоҷик аз азал мардуми меҳмоннавозу меҳнатқарин ва сулҳҷӯ буду ҳаст.