Навгонӣ
30 Август 2016

Зеро бо буридани лентаи рамзӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раисии шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба фаъолияти ин кӯдакистон дар бинои наву замонавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Ҳангоми шиносоӣ маълумот дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон моҳи январи соли равон оғоз ёфта, он аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бинои мазкур бо харҷи 4,2 млн сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, корҳои сохтмониро ширкати ҶДММ Муҳандис ба сомон расонидааст. Кӯдакистон аз якчанд утоқҳои корӣ, 5 гурӯҳ, як толори барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои 180 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Муфассал... Шарҳ додан