Навгонӣ
27 Январ 2018
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов омадааст:
«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,
Дар иртибот ба санаи барои кишварҳои мо ва мардумонамон муҳим – 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ – бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.Муфассал... Шарҳ додан







