Навгонӣ
26 Октябр 2017
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.Муфассал... Шарҳ додан







