Навгонӣ
17 Ноябр 2017
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот карданд.
Нахуст дар намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти сохтмонии корхонаҳо шинос шуда, зимни суҳбат бо намояндагони ширкатҳо онҳоро ба истеҳсоли молҳои босифати рақобатпазир ва воридотивазкунанда ҳидоят намуданд.
Саноатчиён ва соҳибкорони муваффақи вилоят молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла намунаи фаршҳои рангаву пурнақшу нигор, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ашёҳои мухталифи кандакоришуда, сутуну тахтасангҳои мармарӣ, хиштҳои ороишии аз сангҳои нодири Тоҷикистон омодашуда, чароғҳо, рангҳои сохтмонӣ, нақшу нигори аз гаҷ сохташударо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш карданд.Муфассал... Шарҳ додан







