Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Бунёди майдончаи варзишӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ.Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем баъди муроҷиати сокинони биноҳои № 83 ва №85 ба Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доири сохтани майдончаи варзишӣ барои мусобиқаи волейбол, Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинон мулоқот намуда барои иҷроиши дархост ба сохторҳои дахлдор супоиш дода буд.
Дар ниҳоят орзуи сокинони маҳалла амалӣ гашт. Масъулини сохторҳои шаҳр дар мӯҳлати кӯтоҳтарин дар саҳни ҳавлии биноҳои баландошёна дар якҷоягӣ бо бошандагони ин маҳалла майдончаи варзиширо омодаи истифода намуданд.
Дар ифтитоҳи он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштиок намуда, бо сокинони маҳалла мулоқоти самимӣ орост.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамдиёрони гиромӣ, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи мудҳиши Чернобил!
Ҳамагон хуб дар ёд дорем, ки санаи 26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он муҳити атрофи давлатҳои зиёди кураи замин дучори ифлосшавии радиатсионӣ гардид ва солимии аксари аҳолии ҳамшафат зери хатар монд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ, аз ин ҳодисаи мудҳиш қариб 30 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, осори он то ҳол дар ҳаёту фаъолияти иштирокчиёни бартарафкунии ин садамаи аср аз байн нарафтааст.
Таърих ёд дорад, дар бартарафсозии ин ҳодисаи мудҳиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, аз шаҳри бостонии Хуҷанд 120 нафар ҷавонмард бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои анҷом додани ин амали башардӯстона ширкат варзид.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд мавсими тобистонаи шинондани гулҳои ороишӣ идома дорад.Дар асоси дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳоло дар маркази вилоят сабзпӯш ва гулзор намудани мавзеҳои истироҳатӣ, кучаю хиёбонҳо ва гулгаштҳои шаҳр идома дорад.
Бо мақсади шиносоӣ аз мавҷудияти захираҳои гулу буттаҳои орошӣ ва сатҳу сифати парвариши онҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз муассисаҳои кабудизоркунию гулпарварии шаҳр,- Идораи кабудизоркунӣ ва коргоҳи ғайридавлатии «Гулафшон», ки ҳамчунин ба парвариши гулҳои орошӣ машғул аст, дидан намуд.
Ҳоло дар муассисаҳои номбурда зиёда аз 30 намуд гулҳои ороишӣ аз қабили «Марҷонгул», «Питунья», «Голларгия», «Пагетис» ва ғайра парвариш меёбанд. Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбарияти ин коргоҳҳои гулпарвариро муваззаф намуд,ки минбаъд барои қонеъ намудани талаботи тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо гулҳои орошӣ фаъолитяи худро ба роҳ монанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боғи «Ғалаба» ба макони хуби фароғати шаҳр табдил меёбад.Ободу зебо гардондани шаҳри Хуҷанди бостонӣ  чун маркази вилоят, фароҳам овардани тамоми имкониятҳои мавҷуда барои боло бурдани маърифату фарҳанги мардум ва таъмини шароити мусоиди истироҳату варзиш аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маншаъ мегирад.
Бо назардошти он, ки баробари фаро  расидани фасли баҳору гармо эҳтиёҷи сокинони шаҳр ба мавзеҳои истироҳатӣ,боғу гулгашт ва фароғатгоҳҳо бештар мегардад, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баробари боздиди худ аз чанд мавзеҳои гулкорию сабзпӯшгардида ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» омад.
Давоми чанд рӯз аст, ки дар ин боғ корҳои таҷдиду азнавсозӣ, ободонӣ ва насби аттраксионҳои дилхушкунанда идома доранд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ташкили чорабиниҳои «500 - рӯзи ободонӣ» дар шаҳри Хуҷанд.Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина омода намудани иншооти таъиноти гуногуни соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ба тантанаҳои марбут ба чорабинии зикргардида, ҳамчунин дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи апрели соли 2015 ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ободониро бо унвони «500-рӯзи ободонӣ» қарор имзо намуд.
Дар асоси ин қарор ба муовинон ва роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр супорида шудааст, ки нақшаи мукаммали чорабиниҳои марбут ба ободонии шаҳрро мувофиқи минтақаҳои аҳолинишин ва саноатӣ таҳия ва тарҳрезӣ намуда, барои тасдиқ ба Раиси шаҳр пешниҳод намоянд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...