Навгонӣ
08 Сентябр 2014

Дар расми оғози фаъолияти он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Толори варзиш ба маблағи зиёда аз 70 ҳазор доллари ИМА омода гардида, дар як вақт имкон дорад то 50 нафар хоҳишмандонро қабул намояд. Воситаҳои тамрин, ки адади онҳо беш аз 60 адад аст, барои тамрини намудҳои гуногуни варзиш ва обутоби бадан пешбинӣ шудааст.
Мизоҷон имкон доранд, аз рӯи имконияташон ба бозии теннис, вазнбардорӣ, атлетикаи вазнин ва сабук ва ғайра вақтҳои фориғи худро гузаронанд. Магоҳшқ шахсони аз синни 18 сола болоро қабул намуда барои занҳо низ рӯзҳои махсус пешбинӣ шудааст.
Муфассал... Шарҳ додан