Навгонӣ

Фаъолияти бахши бойгонии шаҳр дар ҳафт моҳи имсола.Бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 24 майи соли 2010, №356 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 июли соли 2009, №373 «Дар бораи Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018»» дар давраи ҳафт моҳи соли 2015 якчанд тадбирҳоро амалӣ намуд.
Бо назардошти зарурати ҳар чӣ зудтар ҳал намудани масъалаҳои муҳими ҳалталаб оид ба рушди минбаъда ва такмил додани кори бойгонӣ, баланд бардоштани нақши ҷамъиятию сиёсии бойгонии байниидоравӣ дар марҳилаи ҳозираи тарақиёти давлатӣ соҳибистиқлол вазифаи аввалиндараҷаи таърихнопазирии тамоми муассисаҳои бойгонии шаҳр, анҷом додани корҳои амалии зерин ҳисобида мешавад.

Ҷанговарони байналмиллали тоҷику қирғиз дар Хуҷанд мулоқот намуданд.

Бодастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсиалист вохӯрии ҷанговарони байналимиллали вилояти Суғд бо иштирокчиёни ҷангҳои байналмиллалӣ аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Меҳмононро аз даромадгоҳи маркази вилоят муовини Раиси шаҳр Умеда Бурҳонзода Муродӣ, ҷавонони фаъол ва собиқадорони ҷанговарони интернатсиалисти шаҳр пешвоз гирифтанд.
Баъди қабули расмӣ ва самими меҳмонон иштирокдорони чорабинӣ дар Боғи Ғалаба ба пояи муҷассамаи ёдгории ҷанговарони қурбонгашта дар хориҷи кишвар гулчанбар гузоштанд.
Сипас ҷангварони байналмиллали тоҷик ба ҳамяроқони қирғизи худ иншооти «Қасри варзиш», Варзишгохи «20 солагии Тоҷикистон», ҳавзи шиноварӣ ва Маҷмааи таърихӣ-фарҳангӣ ва фароғатии ба номи К. Хуҷандиро намоиш доданд.

Мағозаи дару тирезаҳо бо технологияи олмонӣ.Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯш ва қабули дархост барои сохтани дару тирезаҳои бо технология олмонӣ ифтитоҳ гардид.
Назар ба маълумоти масъулин, мағозаи мазкур дар доираи лоиҳаи «Мусоидат барои рушди соҳибкории хурд дар риштаи сарфаи неруи гармӣ», аз ҷониби ташкилоти «Агроаксияи Олмон» амалӣ мегардад.
Маҳз бо ин намуди технологияи олмонӣ сохта шудани дару тирезаҳои чӯбӣ имкон медиҳад,ки барои нигоҳдории гармӣ маводи сӯхт камтар сарф  шуда, он барои муҳит низ безарар аст. Назар ба ташхиси мутахассисон дару тирезаҳои номбурда аз 15 то 30 % ҳарорати мувофиқи хонаро вобаста ба фасли сол бештар эҳтиёт менамояд.
Ҳангоми кушодашавии мағоза муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов барои ин иқдоми нек аз номи Раиси щаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ташкили ин мағоза барои сифатан беҳтар гаштани рақобати маҳсулоти хонасозӣ мусоидат менамояд.

Мусобиқаи шашкаю шоҳмот байни нобиноён.Имрӯз дар чойхонаи «Сирдарё»-и маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди шашкаи русӣ байни мардон ва ва занон ва шоҳмот байни мардҳо байни нобиноён, бахшида ба Соли Оила баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи  29 июли соли 2015, № 537 «Дар бораи ҷудо намудани маблағ барои гузаронидани мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашкаи русӣ ва шоҳмот байни нобиноён» доир гардида дар он 20 нафар аз ҷамъияти нобиноён иштирок намуданд.
Мусобиқа басо шавқовар гузашта кормандони Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд барои баргузории чорабинии мазкур тамоми шароитҳоро фароҳам оварданд. Аз рӯи натиҷаҳои ин мусобиқа ғолибон муайян карда шуданд.

Дар кӯчаи қадимаи шаҳр мушкилот ҳал шуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Ҷ. Зокир иштирок намуд. Қаблан Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинону пирони ин кӯчаи қадимаи маркази вилоят мулоқоти самимӣ анҷом дод.
«Кору амалҳои созанда, ки барои беҳбудии зиндагӣ ва ободии сарзамини мардуми мо ба анҷом мерасад, аз дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Шумо шоҳид ҳастед, ки шаҳри бостонии Хуҷанд бо шарофати ин роҳнамоии сарвари кишвар ободу зебо мешавад. Мо азм дорем нақшаҳои дар доираи идома додани соли роҳҳои обод ба зимма гирифтаамонро имсол низ бо сифат ба анҷом расонем. Зеро ташаббуси Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи идома додани  соли роҳҳои обод, байни мардум дастгирии ҳамаҷониба ёфтааст.»- қайд намуд хангоми сӯҳбат бо мардуми ин маҳал Раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...