Навгонӣ

Омодагӣ барои зимистонгузаронӣ дар сатҳи хуб астТибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 10 июни соли 2015, №415 корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон идома дорад.
Бо ин мақсад ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва назорату иҷроиши нақшаи тасдиқгардида бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ситоди зимистонгузарӣ созмон дода шудааст.
Тибқи нақша то имрӯз аз тарафи Корхонаҳои давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳилҳои росту чап як қатор корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.
Аз маълумоте, ки Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили чап пешниҳод кард, аён гардид, ки онҳо то санаи 20-уми августи соли равон чунин корҳоро ба анҷом расонидаанд: таъмири бомҳои хонаҳои истиқоматӣ тибқи нақша-1500 метри квадратӣ, иҷроиш 1840 метри квадратӣ,

Таъминот бо оби ошомиданӣ муаммо надорадОб манбаи ҳаёт ва ҳастии мавҷудоти зинда мебошад. Ҷое ки об ҳаст, ободию ободкорӣ, шукуфоию сарсабзӣ ҳаст. Ҳаминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибор гирифта, баҳри таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Давоми даҳсолаи охир барои беҳдошти вазъи таъминоти шаҳри Хуҷанд бо оби ошомиданӣ  корҳои назаррас ба итмом расид, ки ин гувоҳи гуфтаҳои болост. Бо дастгирии  Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид дар Хуҷанди бостонӣ ду лоиҳа амалӣ гашт. Ин имконият дод, шумораи садамаҳои шабакаҳои об коҳиш ёбад ва мардум назар ба солҳои пешин хубтару беҳтар бо оби нӯшокӣ таъмин шавад.
Баъзан шикояти сокинони биноҳои баландошён дар бобати нокифоягии оби ошомиданӣ ба гӯш мерасад. Мо баҳри равшанӣ андохтан ба ин масъала, назди сардори Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» Ёқубҷон Бобоҷонов ҳозир гаштем.

Ярмарка-фурӯши лавозимотҳои мактабӣ

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги таърихӣ 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ба ин муносибат дар шаҳр чандин воқеаву чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор шуда истодаанд.
Ба ин муносибат дар назди бинои Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ «Ярмарка-фурӯши лавозимоти мактабӣ» доир гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок кард.
Тамоми хонандагону волидон ва устодони мактабҳои миёнаи умумӣ барои иштирок ва харидани лавозимоти мактабӣ ба ярмарка омада буданд. Дар ярмарка аз қаламу дафтар то либосҳои шинаму замонавии мактабӣ пешкаши волидон ва хонандагон гардид.

Таҷлили Рӯзи кормандони тиб дар шаҳрРӯзи кормандони тиб ҳамасола дар сатҳи баланд дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад. Имсол низ он дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанг бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳҳобов, намояндагони муассисаҳои тандурустии шаҳр ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода табибонро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик гуфт. Вай қайд намуд, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд. Кормандони соҳаи тандурустӣ бо рӯҳбаландии хоса аз сиёсати пешигирфтаи ҳукумати мамлакат баҳри нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ садоқатмандона хизмат мекунанд.

altАз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони муассисаҳои тиббиро бо Рӯзи кормандони тиб самимона табрику муборакбод мегӯям. Орзу дорам, ки тандуруст, сарбаланду саодатманд ва ҳамеша омода ба ҳифзи сиҳатии омма бошед.
Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд.
Дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани  иди касбии кормандони тиб, воқеан, ба зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон, нобиuаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти тоҷику форс ва энсиклопедисти беҳамто Абӯалӣ ибни Сино рост меояд.
Ҳар як корманди муассисаҳои тиб, хосатан, табибон асарҳои Абӯалӣ ибни Синоро китоби рӯимизии худ медонанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...