Навгонӣ

Ҷашни Истиқлолият дар қисми ҳарбии 3501.Бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳр ҷаласаи идона доир мегардад.
Дар қими низомии 3501 ҳамоиши мутантани идона доир гардид. Дар чорабинии идонаи афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова ширкат намуданд.
Баъди иҷроиши Суруди Миллӣ, кули ҳозиронро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо иди фархундаи миллат табрик намуда, афсарону сарбозонро ба хизмати содиқона ва ҳимояи манфиатҳои давлат даъват намуд.

Ҷаласаи тантанавӣ ба истиқболи Истиқлолияти Тоҷикистон.Ба ифтихори 24умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Таҳти садои доираву карнай кормандони гуногунсоҳаи шаҳр бо руҳияи идона ба Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд сарҷамъ шуданд. Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки ҷамъомади имрӯза   ба ифтихори 24умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ба ин муносибат табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Ӯ таъкид дошт, ки истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзиши халқӣ тоҷик маҳсуб ёфта чун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихӣ аҳли башар ворид гардид.

altҲамватанони азиз!
9 сентябри соли 1991 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин чун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст, ки имсол мо 24-солагии онро ҷашн мегирем.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бо камоли ифтихору шукргузорӣ Шумо -мардуми Хуҷанди бостониро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардум аст.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.»

Бозори «Панҷшанбе» барои 100 нафар ҷойи корӣ фароҳам овард.Ҳамасола дар арафаи ҷашни фархундаи соҳибистиқлолии кишвар даҳҳо иншоотҳои нав ба истифода дода мешаванд ва корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза мегиранд. Дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо меҳнати фидокорона, бунёди корхонаву муассисаҳои нав, корҳои ободонӣ истиқбол менамоянд. Дар бозори марказии «Панҷшанбе», ки яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ба истиқболи ин санаи таърихӣ як қатор корҳои созанда ба анҷом расиданд.
Имрӯз  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба бозори марказии «Панҷшанбе» ташриф оварда, дар тантанаи ифтитоҳи мағозаҳои нав ба таъмиру азнавсозии гузаргоҳи тарафи рости бозори марказии «Панҷшанбе» ширкат ва суханронӣ намуд.

Лавҳаи ёдгории «Чернобилчиён» бунёд мегардад.Дар Боғи фарҳангӣ вафароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд лавҳаи ёдгории бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи Барқии Атомии «Чернобил» гузошта мешавад. Ин лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба 30 солагии садама дар ин неругоҳ бунёд шуда, ҳадаф аз он  пос доштани  хотири иштирокчиёни бартараф намудани садамаи неругоҳи атомии Чернобел арзёбӣ карда мешавад. Тавре маълум аст, аз шаҳри Хуҷанд дар корҳои бартараф намудани ин садама 120 нафар ширкат намуда, алҳол дар рӯйхати муассисаҳои тиббӣ номнавис шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳи иштирокдорони баратараф намудани ин офат бо гузоштани нома барои наслҳои оянда ва санги асос, сохтмони лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни бартараф намудани садамаи Чернобил шуруъ гардид.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...