Навгонӣ

altҲамватанони азиз!
9 сентябри соли 1991 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин чун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст, ки имсол мо 24-солагии онро ҷашн мегирем.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бо камоли ифтихору шукргузорӣ Шумо -мардуми Хуҷанди бостониро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардум аст.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.»

Лавҳаи ёдгории «Чернобилчиён» бунёд мегардад.Дар Боғи фарҳангӣ вафароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд лавҳаи ёдгории бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи Барқии Атомии «Чернобил» гузошта мешавад. Ин лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба 30 солагии садама дар ин неругоҳ бунёд шуда, ҳадаф аз он  пос доштани  хотири иштирокчиёни бартараф намудани садамаи неругоҳи атомии Чернобел арзёбӣ карда мешавад. Тавре маълум аст, аз шаҳри Хуҷанд дар корҳои бартараф намудани ин садама 120 нафар ширкат намуда, алҳол дар рӯйхати муассисаҳои тиббӣ номнавис шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳи иштирокдорони баратараф намудани ин офат бо гузоштани нома барои наслҳои оянда ва санги асос, сохтмони лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни бартараф намудани садамаи Чернобил шуруъ гардид.

Дар Боғи «Ғалаба» макони фароғати кӯдакону наврасон ба фаъолият оғоз намуд.Ба истиқболи таҷлили 24 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакону наврасони шаҳри Хуҷанд соҳиби боз як мавзеи фароғатии дилхушкунанда гаштанд.
Дар боғи фарҳангию фароғатии «Галаба»-и  маркази вилоят  расми кушоди  мавзеи фароғатӣ барои   кӯдакону наврасон баргузор гашт.
Раиси  шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ дар ин чорабинии тантанавӣ иштирок намуд.
Баробари табрики ҳозирин бо рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътимод изҳор намуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷашну тантанаҳои миллат бояд бо корҳои ободонию созандагӣ ва таъмини зиндагии сазовор таҳким ёбанд.

Имконияти мактаби варзишӣ бештар гардид.Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани иншоотҳои фарҳангию маишӣ,фароғатӣ ва варзишӣ идома дорад.
Нимаи дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ба истифода додани майдони варзишӣ барои бозии футбол дар Мактаби варзишии  бачагон ва наврасони № 2 шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Қабл аз ифтитоҳи расмӣ Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳайати мураббиён ин муассисаи таълимии варзишӣ мулоқот намуд. Ба Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки дар мактаб алҳол 1200 нафар наврасони минтақаи  соҳили рости шаҳр ба 13 намуди маҳфилҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд. Барои аъзоёни маҳфил 40 нафар тренерони бо таҷриба таълим медиҳанд.

Собиқадорони меҳнат соҳиби мукофотпулии Президент шуданд.Бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба ҳашт нафар собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд мукофотпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.
Мукофотро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латипов, муовини раиси Ҳизби Халқи демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин шахсон супориданд.
Дар қатори мукофотгирандагон собиқадорони меҳнат ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, Баҳриддин Ахмедов, Толибҷон Ҳасанов, Абдушукур Назаров, Фаросат Набиева ва ҳамчунин Мукаррама Бузурукова, Муминҷон Орипов буданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...