Навгонӣ

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии   Точикистон  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид. Теъдоди умумии муроҷиаткунандагон 76 нафарро ташкил дода, сокинон ҳангоми мулоқоти бевосита бо Раиси шаҳри Хуҷанд доири мушкилоти худ, ва ҳалли онҳо дархост намуданд. Давоми рӯз бо мақсади мусоидат намудан барои мумфаршкунии роҳҳои маҳалли зисташон 6 нафар, барои гирифтани кӯмаки молиявӣ 9 нафар, кӯмак барои пардохти маблаги шартномаи тахсил 4 нафар, ҷудо намудани қитъаи замини наздихавлигӣ 16 нафар, таъмин бо манзили истиқоматӣ 6 нафар ва ба хобгоҳ ҷойгир намудан 2 нафар  бошандагони маркази вилоят ба Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуданд. Ҳамчунин ду нафар аз сокинон бо мақсади пешниҳод доири саҳмгирӣ дар сохтани майдончаи варзишӣ дар маҳаллашон низ муроҷиат намуданд.

Боз 1000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд аз шаҳракаи навбунёди «Сайҳун» соҳиби қитъаи замин гаштанд.

Дар ин чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд. Дар қатори 2000 нафар эҳтиёҷмандон аз шаҳри Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атроф - Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Чкалов, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Куҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Конибодом ва Ашт замин барои бунёди манзил тақсим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо шаҳрвандони эҳтиёҷманд иброз дошт, ки тули панҷ соли охир дар вилоят 83 ҳазор нафар бо замин таъмин гардида, қисме аллакай манзил бунёд кардаанд. Дар вилоят ҳамрадиф бо Сайҳун, бунёди шаҳракҳои нав аз қабили Моҳпарӣ дар шаҳри Исфара барои 65 ҳазор нафар, Меҳробод дар ноҳияи Мастчоҳ барои 30 ҳазор нафар, Саразм дар шаҳри Панҷакент барои 25 ҳазор нафар ва Баҳористон дар шаҳри Истаравшан идома дошта, ҳадафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон мебошад.

Кӯдакистони нав дар маҳаллаи «Темурмалик»

Орзуи деринаи сокинони маҳаллаи «Темурмалик» (собиқ микроноҳияи сеюм) амалӣ гашт.
Бо мақсади амалӣ гаштани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23 январи соли 2015 таъкид гашта, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд дар ин маҳалла боғчаи бачагона  барои 360 ҷой ба истифода дода шуд.
Ба ин муносибат дар ин муассисаи томактабӣ ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Дар саҳни ин боғча сокинони маҳалла, омӯзгорон, волидайни тарбиятгирандагони ҷамъ омада, иштирокдорону меҳмонони ин чорабиниро бо шеъру суруд гарм пазироӣ намуданд.

Дар маҳаллаи «Мевағул» боз як кӯча обод мешавад.Дар яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Мевағул»-и шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ оғоз ёфт.
Дар расми ифтитоҳи ин корҳои ободонӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Роҳи мазкур наздик як килметр масофа дошта, он бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинони маҳаллаи мазкур ва соҳибкорон рӯи таъмири кулл ва ҷориро мебинад.
Ин роҳ аз гардиши кӯчаи Рифъат Ҳочиев то гардишгои «Автомагистрал» тӯл кашида, давоми чанд даҳсолаҳои охир ҳолати хароб дошт.
Корхои мумфаршкуниро Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасонад. Дарозии роҳи мазкур 750 метрро ташкил дода, ҳудуди 300 тонна мумфарш сарф мегардад.

Маркази ҳунарии ба номи Зулфия БаҳриддиноваСубҳи имрӯз дар яке аз маҳаллаҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд,-маҳаллаи Масҷиди савр Маркази таълими-истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар чорабинии тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.
Барои роҳандозии маркази номбурда аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  40 ҳазор сомонӣ  маблағгузорӣ шуда, 10 адад дастгоҳи бофандагӣ ва калобаи нахи матои адрас, ки «асос» номида мешавад харидорӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин марказ ҳунармандони касби заргарӣ, дӯзандагӣ ва қолинбофӣ низ ба ин касби аҷдодӣ машғул ҳастанд. Дар баробари фаъолияти ин маркази таълимӣ-истеҳсолӣ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашта, барои ҳунаромузон-шогирдон ҳар моҳа 40 сомонӣ стипендия дода мешавад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...