Навгонӣ
18 Сентябр 2015
Дар мактаби таҳслоти умумии № 28 зиёда аз 800 нафар толибилмон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Раиси шаҳр аз ҳолати синфхонаҳои мактаб вазъи риояи либоси ягонаи мактабӣ, иштироки хонандагон ба дарс изҳори қаноатимандӣ намуда, доири омодагӣ ба зимистонгузаронӣ таваҷҷӯҳ намуд. Назар ба маълумоти роҳбарияти мактаб алҳол ин муассисаи таълимӣ системаи гармидиҳии алоҳидаи худро надошта, таҳияи лоиҳа ва сохтмони буғхона ба нақша гирифта шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд,ки давоми як моҳ лоиҳаи системаи ягонаи гармидиҳии мактаб омода карда шуда, ин масъала бояд дар ҳамин мавсими зимистонгузаронӣ ҳалли худро ёбад.
Муфассал... Шарҳ додан