Навгонӣ

Намоиш-фурӯши маҳсулоти ширкатҳои ҳиндӣ дар Хуҷанд.Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар толори «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши молу махсулоти ширкатҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳии ин чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Анвар Яъқубӣ дар баромади хеш таъкид намуд, ки сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди иқтисодии Тоҷикистон тахҳим бахшидан ба равобити судманди муносибатҳои хориҷӣ бо давлатҳои гуногун натиҷаи хуб дода, рушди иқтисодӣ мамлакат сатҳу сифати нав мегирад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки намояндагони якчанд ширкатҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон имруз махсулоти босифатро пешкаши сокинони шаҳр ва вилояти Суғд менамоянд.

“ШУКӮҲИ МИЛЛАТ” дар Боғи Камоли Хуҷандӣ

Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи адабию фарҳангӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” санаи 30-юми сентябри соли равон бахшида ба Соли фарҳанг, Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ таҳти унвони “Шукӯҳи миллат” дар маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” саҳнаи ҳунарнамоиҳои Боғи Камоли Хуҷандӣ Маҳфили адабиву фарҳангӣ доир гардид.

Грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба 15 нафар бонувони ҳунар.Соли дуюм аст, ки бо максади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии духтарону бонувони ҳунарманд озмун барои гирифтани гранти Раиси шаҳри Хуҷанд эълон мегардад.
Имсол низ тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои рушди ҳунарҳои суннатӣ ба 15 нафар ҳунармандон соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд гаштанд.
Бо назардошти баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» ин навбат расми супоридани грант дар доираи  таҷлили ин рӯзи таърихӣ баргузор гардид.
Имсол низ барои 5 нафар занони адрасу атласбоф, заргару гулпарварва ва ҳунари кафшергар панҷ ҳазор сомонӣ, барои панҷ нафар сӯзанидӯзу қолинбоф се ҳазор сомонӣ, ҳамчунин 5 нафар дӯзандаю кешбоф ва йӯрмадӯзу қуроқдӯз се ҳазор сомонӣ супорида шуд.

(2 овоз, миёна 1.50 аз 5)

Корхонаҳои саноатии Хуҷанд фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатии маркази вилоят дидан намуд.
Боздиди кории Раҷаббой Аҳмадзода аз коргоҳи муштараки «Ҷавонӣ» оғоз ёфт. Коргоҳи мазкур давоми чанд соласт, ки аз фаъолияти пурсамар дошта, аз коркарди пахта сар карда то истеҳсоли маҳсулоти тайёр,-либосҳои мардона занона ва кӯдаконаро аз нахҳои табии истеҳсол менамояд.
Дар коргоҳи мазкур 1300 нафар машғули кори ҳамарӯза ҳастанд.
Коргохи мазкур 90% маҳсулоти хешро ба бештар 10 кишварҳои хориҷӣ содир менамояд, ки бештари ин кишварҳоро давлатҳои Аврупо ташкил медиҳад.
«Маҳз дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бояд маҳсулоти хоми ватанӣ дар дохили кишвар коркарда шуда, чун маҳсулоти тайёр пешниҳоди харидорони дохилию хориҷӣ гардад.

Намоиши  ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти Хуҷанд.

Нахустин таҷлили «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» дармаркази вилоят бо шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Ба ин муносибат дар назди Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ намоиши махсулоти саноативу ҳунарҳои миллӣ баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Белорус ва Қирғизистон намояндагии консулгарии кишварҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Хуҷанд, зиёиён аҳли илму адаб, собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Занони фаъоли махаллаҳои шаҳр бошанд, анъанаву маросимҳои миллиро бо як истеъдоди баланд пешкаши мехмонон намуданд.
Аз ҷониби маҳаллаҳои шаҳр ҳунарҳои мардумии  заргарӣ, кулолгарӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қаннодӣ, дуредгарӣ ва ғайра пешниҳод гардида, ба меҳмонон доири ҳар кадоме аз ин ҳунарҳои суннатии мардумӣ маълумот дода шуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...