05 Октябр 2015
Дар шаҳри Хуҷанд бо истифода аз ҳавои мусоид корҳои ободонӣ мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Давоми рӯзҳои ҳафтаи сипаришуда, роҳсозони маркази вилоят қисме аз роҳи хиёбони ба номи И. Сомониро таъмири ҷорӣ намуда, ҳамзамон мумфаршкунии пурраи роҳи автомобилгарди зеристгоҳи «Ваҳдат» -ро идома медиҳанд.
То имрӯз роҳсозони Хуҷанд дар хиёбони ба номи И. Сомонӣ ба масоҳати 450 метри мураббаъ, ки масофаи 65 метр аст, таъмири ҷориро ба анҷом расонданд. Айни замон мумфаршкунии роҳи нақлиётии самти зеристгоҳи «Ваҳдат» идома дошта роҳсозон ният доранд давоми моҳи октябр аз таъмири хушсифат бароварда, ин кӯчаро низ барои истифода супоранд.
Тибқи нақша дар мӯҳлати зикргардида масофаи 1,2 км роҳи ин кӯча мумфарш гардида, барои ҳаракати мунтазами нақлиёт аз гардишгоҳи кӯчаи ба номи Султон Умарӣ то зеристгоҳи «Ваҳдат» мусоидат намояд.