Навгонӣ

Шаҳри Хуҷанд натиҷаи нӯҳмоҳаро ҷамбаст намуд.Маҷлиси ҳисоботӣ оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар фосилаи моҳҳои январ-сентябри соли 2015 бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва сардори Раёсати иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдулло Шарифов доир гардид.
Раисикунандаи маҷлис, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғоз бахшидан ба маҷлиси ҳисоботӣ диққати ҳозиринро ба ҷамъбасти марҳалаи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд. Барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба раиси маҳаллаи Чашмаи арзана Осим Охунов ва нозири минтақавӣ Хоҷаев Сипосномаи Раиси шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Зимни сипос, Раиси шаҳр супориш дод, ки даъвати тирамоҳӣ то 20-уми октябр ҷамъбаст карда шавад.

Ташкили намоиш-фурӯши маводи ғизо барои захираи зимистонаи шаҳрвандон.Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми фасли тирамоҳ барои таъмини тамоми қишрҳои иҷтимоии мардум ба махсулоти кишоварзӣ ва захира намудани онҳо тадбирҳои судманд меандешад.
Ҳамчунин ин амал барои фароҳам овардани имконияти дастрасӣ ба маводи хӯрока бо нархҳои дастрас ва захира намудани маводи ғизо дар мавсими зимистон бо маҳсулоти ниёзи аввала мусоидат менамояд.
Имрӯз низ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» деҳқонону кишварзони вилоят маҳсулоти худро ба сокинони шаҳр пешниҳод намуданд.

Ободии маҳаллаи «Ваҳдат»Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сохтору ниҳодҳои соҳаи ободонӣ, кабудизоркунӣ фаъолияти худро бахшида ба эълон гаштани «500 рӯзи ободонӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯз аз рӯз вусъат медиҳанд.
Чуноне, ки пештар иттилоъ дода будем, ҳоло қисме аз кӯчаю роҳхои нақлиётии шаҳр мумарш гашта, идораи кабудизоркунӣ бошад ба шинондани гулу буттаҳои тирамоҳӣ оғоз намуданд.
Чунин корҳо аз ҷумла дар маҳаллаи «Ваҳдат», кӯчаи ба номи Султон Умарӣ идома дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафт ва сифати корҳои идомаёфтаистода дидан намуд.

Рӯзи қабули Раиси шаҳри Хуҷанд.Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули сокинони шаҳр аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Раҷаббой Аҳмадзода бо шаҳрвандони муроҷиатнамуда сӯҳбат намуда масъалаю мушкилоти онҳоро барррасӣ намуд.
Ҳангоми қабул ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ низ ширкат намуда, барои сари вақт ҳаллу фасл гаштани мушкилоти шаҳрвандон аз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш гирифтанд.
Дар рӯзи қабули муроҷиаткунандагон 5 нафар барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, 6 нафар барои гирифтани кӯмаки молӣ ва моддӣ 7 нафар, мусоидат барои гирифтани масолеҳи сохтмонии ройгон 6 нафар ва ғайра ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.

Раиси шаҳр аз «Автовакзал» боздид намуд.

Чандест, ки ҳолати тамбашавии нақлиёт, бехатарии пиёдагардон ва хизматрасонии ронандагони нақлиётҳои сабукрави кирояи самти ноҳияҳои води Зарафшон, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар сокинони маҳаллаҳои ба номи Қорираҳмат Қурбонов, «Чорчароғ» ва «Масҷиди савр»-ро ба ташвиш овардааст. Ҳамзамон дар маҳалли мазкур, чандин муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ коргоҳу марказҳои хизматрасонӣ ҷойгир буда, он яке аз минтақаҳои серодами шаҳр ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади шиносоӣ вазъи ин маҳал ва ҳалли мушкилоти мавҷуда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз мавзеи номбурда дидан намуд. Ҳангоми боздид Раиси шаҳрро роҳбарияти Бозрасии Давлатии Автомобилии шаҳри Хуҷанд, Бозрасии назорати нақлиёт, масъулини шӯъбаи меъморию шаҳрсозӣ, идораи Автовакзал шаҳр ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...