Навгонӣ

Мулоқоти Раиси шаҳр бо ходимони дин.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд тахти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи машварати бо иштироки имом-хатибони масчиди ҷомеъ ва имомони масочиди шахри Хучанд баргузор гардид.
Яке аз нуктахои мухими Паёми имсолаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Маҷлиси Олӣ ин таъмини сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва осоиштагии мардум маҳсуб ёфта, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза  масъулияти моро дар ҳимояи  манфиати миллӣ, фазои орому осоишта бештар менамояд.  Ходимони дин  низ бояд  дар ин ҷода бояд бетараф набошанд. Гузашта аз он Шумо,- имомони масоҷид масъулияти бештар дошта, ҳамкориро бо раисони маҳалла, нозирони минтақавӣ ва ниҳодҳои қудратӣ пайваста ва ҳамарӯза бошад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид. Кори ҷаласаро Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи корӣ шинос намуд.
Аъзоёни Шӯро рӯзномаи ҷаласаро иборат аз пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2015 ва нақшаи фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2016 тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи якум аъзои Шӯро, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мирзоқосим Каримов маълумоти муфассал дод.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сокинони шаҳр аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ қаноатманданд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири дастгирӣ иҷтимоӣ ва таъмини қишри ниёзманди аҳолӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизо дар шаҳри Хуҷанд дар интиҳои ҳар ҳафта намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешавад. Имрӯз низ тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар он кишоварзону деҳқонон ва зироаткорони ноҳияҳои кишоварзии вилоят маҳсулоти дастранҷи худ,- аз қабили картошкаю сабзӣ, пиёзу шалғам биринҷу равғани растанӣ ва ғайраро пешкаши шаҳриён намуданд.
Сокинони маркази вилоят ва харидорон аз маҳсулоти босифату тару тозаи деҳқонон харидорӣ намуда аз нархҳои нисбатан арзон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мусобиқа оид ба футбол барои дарёфти мукофоти “Бойчечак-2016” ҷамъбаст гардид.Баҳри рушди футбол, ҷалби васеи омма ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим тибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, Федератсияи футболи шаҳр санаҳои 4 то 26 январи соли равон мусобиқаи анъанави шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни бачагон ва наврасони солҳои таваллудашон 1999-2000, 2001-2002 ва 2003-2004 барои дарёфти мукофоти «Бойчечак-2016» дар майдони варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он  480 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуданд.
Мусобиқа байни наврасони синну соли 2003-2004 аз санаҳои 4 то 11 январи соли равон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ 10 даста, дар маҷмӯъ 120 нафар наврасон иштирок намуданд. Дар натиҷа дастаи “Сирдарё” сазовори ҷои аввал, дастаи “Ли-нинг” сазоври ҷои дуюм ва дастаи “Гимназияи №4” сазовори ҷои сеюм гардид.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қарори Раиси шаҳр иҷро мегардад.Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд, № 189 аз 14 апрели соли 2014 дар бораи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» дар баробари қабули муроҷиати корҷӯён боз дар маҳаллаҳои маркази вилоят бо сокинон вохурию мулоқот гузаронида, барои таъмини  нафарони бешуғл бо касбу ҳунар ва кори доимию мавсими тадбирҳо меандешад. Чунин як вохӯрӣ дар маҳаллаи «Тиллокон»-маркази вилоят баргузор гардид. Дар он бештар 50 нфар сокинони ин маҳалла иштирок намуда,доири таъмини кор ва мавҷудияти ҷойҳои корӣ дар корхонаю ташкилотҳо маълумот гирифтанд.
Назар ба маълумоти Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд соли гузашта дар 8 маҳаллаи шаҳр чунин мулоқот доир гардида ҳамзамон дар он ҷо ярмаркаи ҷойҳои холи корӣ ташкил карда шуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...