Навгонӣ

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Марҳилаи сеюми лоиҳаи «Беҳтаррдонии вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоб» оғоз мегардад.Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се сол аст,ки дар маркази вилоят,- шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Беҳтаррдонии вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоб» амалӣ мегардад. Соли 2016 иҷроиши корҳои лоиҳавӣ дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи зикргардида ба нақша гирифта шудааст.
Маблағгузории лоиҳаи мазкур тибқи созишномаи қарзӣ ва грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо амалӣ гашта, он аз соли 2014 шурӯъ шудааст.
Марҳилаи якум ва дуюми лоиҳа давоми солҳои 2014 ва 2015 иҷро гардида бо мақсади таъмини саривақтӣ ва босифати оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 13 миллиону 665 ҳазор доллари ИМА корҳо ба анҷом расонда шуданд.
Дар марҳилаи сеюми лоиҳа лоиҳа азнавсозии иншоотҳои партовоб, ивази қубурҳои партов ва оби нӯшокӣ, харидорӣ намудани обченкунакҳои ҳаҷмаш калон, таъмиру азнавсозии таҷҳизоти ташхисгоҳи оби нӯшокӣ ва партовоб пешбинӣ шудааст.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Намоиш фурӯши маҳсулот дар шаҳри Хуҷанд.Бо максади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъмини сокинони маркази вилоят бо маҳсулоти кишоварзӣ, ғизо ва нигоҳдории нархҳои нисбатан арзон дар маркази вилоят намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввала ташкил шудааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки сокинон барои захираи маҳсулоти ниёзи худ дар фасли зимистон имконият пайдо намуда, ҳамзамон ба рақобати солими  бозори дохили шароит фароҳам орад.
Дар дар майдони Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ дар интиҳои ҳафтаи сипаригашта чунин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Назар ба маълмуоти масъулини шӯъбаи савдои Мақомоти иҷрояи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби деҳқонону кишварзони ноҳияҳои вилоят бештар аз 30 тонна маҳсулот аз қабили гӯшту равған,  катошкаю сабзӣ, пиёз ва ғайра ба фурӯш гузошта шуда буд.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Машқи пагоҳии оммавӣ дар шаҳри Хуҷанд.Субҳи имрӯз дар маркази вилоят шахри Хуҷанд бо иштироки бештар аз 300 нафар ҷавонону наврасон ва варзишгарони табҳои варзишии Хуҷанд машқи пагоҳӣ доир гардид. Иқдоми мазкур ҷихати иҷрои дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабинии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Ҳадафи баргузории ин чорабинии оммавӣ таблищи тарзи ҳаёти солим, мусоидат барои инкишофи ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон аст.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Қабули шаҳрвандон дар мақомоти маҳаллӣ ва баррасии масъалаҳои сокинон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр бо иштироки масъулини сохторҳои дахлдор тариқи «Равзанаи ягона» яке аз самтҳои муҳими шаҳрдорӣ аст, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз бештар аз 50 нафар сокинони маркази вилоятро  қабул намуда, бобати баррасии дархости онҳо ба роҳбарону мутасаддиёни марбута супоришҳои мушаххас дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 10 нафар сокинонро доири кӯмак расондан барои таъмири манзилашон, хоҳиши 17 нафарро барои гирифтани манзил  ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, муроҷиати 5 сокини шаҳри Хуҷандро барои дастрасии масолеҳи сохтмонӣ, муроҷиати якҷояи соҳибкоронро бобати аз байн бурдани иншооти худсохт шунида, барои баррасӣ ва ҳалли мусбии масъалаҳои ҷойдошта дастур ва мӯҳлат дод.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи корӣ доир намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти маҳаллӣ, воҳидҳои сохтори низомӣ, прокуратура, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр, доир намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд қайд намуд, ки доири иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ташкилоту муассисаҳо ва ширкату идораҳо новобаста аз шакли моликият бояд нақшаи кории мушаххаси худро дошта бошанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас ва иҷроиши нақшаҳо дар соли сипаригашта дар маркази вилоят имконияту захираҳои хуб барои ноил гаштан ба натиҷаҳои боз ҳам бештар мавҷуд аст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...