Навгонӣ

Натиҷаҳои соҳаҳои шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид.Маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2015 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи ҷамъбастӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид. Дар ҷаласа нахуст доир ба фаъолияти мақомоти иҷроия дар давраи сипарӣ раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки сокинони маркази вилоят дар соли 2015, ки Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо буд, софдилона меҳнат карда, ҳамзамон қабул шудани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва ба Президенти мамлакат сазовор донистани унвони Пешвои миллатро бо мамнунияти том ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ин давра буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 106 дарсад иҷро гардида, аз 11 намуди андозҳо танҳо нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ таъмин карда нашудааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Арт-галерияи «Сомониён» бозсозӣ мешавад.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз бинои Арт галереяи давлатии «Сомониён» боздиди корӣ намуд. Бинои мазкур иншооти таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, бунёди он ба асри 18-19 таалуқ дорад.
Дар қисми бино намоишгоҳи асарҳои рассомони вилоят гузошта шуда, қисми дигари он аз ҳуҷраҳои гуногун ва ҳаммоми қадима иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздиди аз ҳолати имрӯзаи бинои мазкур зикр науд, ки тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ қисме аз ин бино ба чойхона табдил дода шуда, барои фаъолияти чойхона шароит фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки вобаста аз вазъи бино ва ҳуҷраҳои он қисми иншоот барои истифодаи умум қарор гирад, қисми дигарро ба макони таърихию этнографӣ табдил дода барои баланд бардоштани маърифати мардум таърихшиносии онҳо ва муаррифии таъриху анъанаҳои мардумӣ ба сайёҳон истифода бурдан мумкин аст.

(4 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кӯчаи марказии маҳаллаи «Навбаҳор» азнавсозӣ мегардад.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ар шаҳри Хуҷанд корҳои созандагию ободкорӣ оғоз гаштанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи масъулини идораи ободонӣ, кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ ва сохтмони шаҳр яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Навбаҳор»,- «30 солагии Ғалаба» боздиди корӣ анҷом дод. Тибқи нақша дар соли ҷорӣ кӯчаии мазкур пурра азнавсозӣ мегардад. Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд бояд идораҳои дахлдори ҳифзи муҳити зист ва ободонӣ дарахтҳои хушкида ва беморро бурида дар ҷойи он ниҳолҳои ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонанд. Идораи чароғонкунӣ ва роҳсозӣ бошад сутунпояҳои чароғҳои равшандиҳандаро рангубор намуда, фурӯзонакҳои онро ба фурӯзонакҳои светодиодӣ иваз хоханд кард.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Макони нави фароғатӣ дар мавзеи «Панҷшанбе»Тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боз як мавзеи истироҳатию фароғатӣ дар мавзеи «Панҷшанбе» бунёд мегардад.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз лоиҳа ва нақшаи бунёди ин  мавзеи фароғатӣ дидан намуд. Дар асоси нақшаи лоиҳавӣ дар шафати ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохтмони фавора бо гулгашту макони фароғатии сокинону меҳмонони шаҳр сохта хохад шуд.
Фаввораи навбунёд дар масоҳати 12 метри квадратӣ сохта шуда, баландии фавора бошад ба 8 метр хоҳад расид. Лоиҳакашон п ешниҳод намуданд, ки чароғакҳои фаввораи мазкур бо 7 ранги пурҷило оро дода шуда, дар атрофии он нишастгоҳи дамгирӣ, чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шавад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар боғи ботаники шаҳр ниҳолҳои нав мешинонанд.Дар боғи ботаники шаҳри Хуҷанд мавсими ниҳолшинонӣ ва шинондани гулу буттаҳои  ороишӣ оғоз ёфт.
Назар ба иттилои масъулин, айни замон бештар 10 нафар кормандону мутахассисони ин боғ ба решакан ва буридани ниҳолу дарахтони аз нашъунамо монда ва омоданамудани майдони гулзоркунӣ машғуланд.
Тибқи нақша кормандон ният доранд  давоми мавсим бештар 500 бех ниҳол ва 5 ҳазор гули лола шинонанд.
То имрӯз ба ҷойи дарахтони хушкида 50 бех ниҳоли «Сарвинози аризонӣ», 50  бех «Ёси ҳиндӣ», 140 бех «Сарвинози ҳамешасабз», шинонда шудааст. Ҳамчунин боғдорон ният доранд иловатан пиёзаки лолаи навъи ҳолландӣ ва ниҳолҳои навъи «Санавбар», «Сарви шарқӣ» «Магнолияи баргрез»-ро то интиҳои мавсим шинонанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...