Навгонӣ
12 Май 2018
Рӯзи байналмилалии оиларо барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёрамон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, рӯзгори ободу осуда ва устувории бинои оиларо таманно дорам.
Оила мураббии аввалин, раҳнамои ҳаёт, тарбиятгари асосӣ ва асосгузори феълу атвори ҳар як кӯдак буда, дар баробари қонуни меҳру навозиш буданаш, маркази парвариши беҳтарин истеъдодҳост.
Мо, тоҷикон, соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дар бар мегирад, ки риояи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шаванд.Муфассал... Шарҳ додан







