Навгонӣ
25 Июл 2018
Бегоҳии дирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тамошои бозии даври ниҳоии мусобиқа оид ба футболи хурд, ки байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми «Бобо Каримов», ки бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида мешавад, ба маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳр рафта, дар он иштирок намуда, ғолибонро қадршиносӣ кард.
Бозии финалии дастаҳои «Беҳтарин» ва «Парламент» сурат гирифта, дар натиҷаи дастаи «Парламент” бар ҳисоби 3:0 ғолибиятро ба даст овард.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур 20 даста дар 4 гурўх байни ҳам қувваозмоӣ намуда, дастаҳои «Садаф» ва «Қулангир» сазовори ҷои сеюм гаштанд. Ҳамзамон, “Бозингари беҳтарин”, “Дарбозабони беҳтарин”, “Ҳамлагари беҳтарин”, “Муҳофизатгари беҳтарин”, “Ниммуҳофизатгари беҳтарин” муайян ва бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд. дониста шуданд.Муфассал... Шарҳ додан







