Навгонӣ
04 Июл 2018
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баргузор гардид. Раиси Шӯро Мӯъминҷон Орифӣ онро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд.
Сипас, дар бораи фаъолияти Шӯрои сбиқадорони ҷангу меҳнат, дастовард, муамову мушкилот, раванди ислоҳи камбудиҳо аз ҷониби Раиси Шӯро Мӯъминҷон Орифӣ маълумот дода шуд.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 36 ташкилоти ибтидоии кӯҳансолон бо фаргирии 1508 нафар собиқадорон фаъолият дорад. Шӯрои собиқадорон дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст.Муфассал... Шарҳ додан







