Навгонӣ

Дар раванди сиёсии ҷомеа ва дар пешравии он нақши мафкура ва шуури сиёсӣ аҳамияти муҳим дорад. Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон ҳизбҳои  гуногун фаъолият доранд ва ҳар кадоми онҳо ба худ хос мафкура дошта, онро тарғиб месозанд.

Раванди имрӯза талаб менамояд, мафкураи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд ҳаракатери солим дошта,он ба манфиати ҷомеа хизмат намояд.

Алалхусус дар замони пуртазод, бархӯрди таммадунҳо  ҷараёнҳои экстремистӣ мехоҳанд, ба доми худ ҷавонони гумроҳро шомил намояд. Аз ин раванд ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ низ дар канор нестанд. Мисоли равшани онро мо дар иштироки ҷавонон дар набардҳои Сурияву Ироқ бараъло мебинем. Маҳз пайдоиши ба ном «Давлати исломӣ» имрӯзҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандони на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаробадомихудкашидаистодааст. Дарин ҷода бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон  ҷоннок карда шавад, то ки ингуна зуҳуроти номатлуб аз ҷомеа барканор шавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сол ба сол сафи ҷавонони ноогоҳ зиёд гашта истодааст. Тибқи изҳороти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯзҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандон дар низоъҳои Шарқи Наздик ва сафи ба ном «Хилофати исломӣ» бар  муқобили реҷими давлатӣ дар Сурия, Яман, Ливиё ва Ироқи штирок доранд. Аз рӯи таҳлилҳо аксари нафарони дар Сурияву Ироқ ҷанганда то 35 – сола ва аз он ҳам ҷавонтар ҳастанд.

Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон мафакура аз он ҷумлаи ислом, ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад.

Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлат дахолат карда наметавонад. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомот идавлатӣ ҷудо карда шудаанд ва имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.

Барои мубориза бар зидди экстермизм дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8 Конститутсия омода инчунин, Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстермизм» (аз с.2003) ва мақомоти ҳуқуқии Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешиданд, ки мардуми кишварро аз экстермизм ҳимоя намоянд.

Дар шароити имрӯза ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатаре чун терроризм ва экстермизм ҳамчун ва боӣаср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои бошарият хатари на камтар аз салоҳиядро  ба миён овардааст.

Ин нуқта моро ҳушёр менамояд, ки баҳри мубориза бо ин зуҳуроти нангини аср ҷаҳду талоши бештар намоем.

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ эшонро бо иди касбиашон табрик намуда, бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд зимни табрикоти худ, гуфт, ки фаъолияти сарраёсати обо-донӣ, хоҷагию манзилию коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ободонию кабудизоркунӣ, чароғонкунию гулзоркунӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр, нигоҳдории фонди манзил, аз он ҷумла биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои автомобилгарду пиёдагард ва амсоли ин нигаронида шудааст. Бояд зикр дошт, ки дар ин самт санаду қарорҳои дахлдор ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расида, он ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза мебахшад.

Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Инро проблемаҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии экстремизм ва терроризм, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ғайра мебошад. Яке аз масъалаҳои ташвишовар ва доғи рӯз ин масъалаи терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм яке аз воситаҳои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил маҳсуб меёбад, ки мехоҳанд харитаи сиёсиву иқтисодии сайёраро баҳри манфиатҳои нопоки хеш сӯиистифода намоянд. Яке аз ҳадафҳои асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он мамлакат барҳам додани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша мебошад, ки ба идеологияии экстремистӣ асос ёфтааст. Худи истилоҳи «терроризм» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳшат мебошад. Яъне, сиёсати тарсонидан пахш намудани мухолифони сиёсӣ ба воситаи зӯроварӣ мебошад.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ,  тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altТибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд директори генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ»  Даврон Шокиров таъин гардид. Мавсуф дар ин маснад Иброҳим Қаландаровро, ки бо хоҳиши худ аз вазифа рафтааст, иваз намуд. Даврон Шокиров то ин дам масъулияти роҳбарии ободонии «Соҳили чап»-и шаҳри Хуҷандро бар дӯш дошта, солҳои зиёд дар сохтори роҳбарикунандаи КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ»  кору фаъолият менамуд.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифӣ ва вазифагузории роҳбари нави КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ» бо иштироки кормандони соҳа гуфт, ки ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании шаҳрамон, таъмини беҳбудии рӯзгори мардум ва болида сохтани рӯҳияи онҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...