Навгонӣ

altДирӯз баъди нисфирӯзӣ Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Виссинг дар доираи барномаи сафари кории худ ба шаҳри Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи маркази қабули ҳуҷҷатҳо барои раводиди давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре, ки иттилоъ дода шуд, маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген: Австрия, Белгия, Дания, Испания, Италия, Латвия, Лаҳистон, Литва, Люксембург, Малта, Маҷористон, Нидерланд, Португалия, Словакия, Словения, Фаронса, Финляндия, Чехия, Шветсия, Эстония ва Юнон аз ҷониби ҶДММ «Дунёгард» амалӣ карда шуда, он дар ошёнаи 3-юми бинои «Казкомерсбонк» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд.

altБа ифтихори эълон шудани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастгирии сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва бо мусоидати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимию дӯзандагӣ ташкил гардид.

Ба ин муносибат субҳи имрӯз бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ бо доираи васеи ҳунармандони шаҳр маросими ифтитоҳи маркази мазкур сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ бо занони хонашин таъкид гардид, ки минбаъд бо мошинаҳои чокдӯзии тӯҳфанамудаи сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин, ки 17 ададанд, занони хонашин ва бешуғл метавонанд ба касбомӯзӣ машғул шуда, шароити иҷтимоии хешро беҳтар намоянд.

alt22 нафар тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3 –юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва байни 66 шаҳр баргузор шуд, иштирок намуда соҳиби мақоми аввал гашта, Парчами Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналхалқи боло бардоштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии №18, гимназияи№4, литсейи №1-и ба номи Муҳаммад Осимӣ, макотиби хусусии «Пӯлотов», «Гулчини маърифат», гимназияи «Гёте»-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 16 нафари онҳо мақомҳои аввалро дар синну соли аз 6 сола то 15 сола  ба даст оварданд. Ҳамзамон 5 адад Ҷоми олимпида насиби хонандагони шаҳри Хуҷанд гардид.

(2 овоз, миёна 2.50 аз 5)

altСубҳи имрӯз Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Виссинг дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Хуҷанд, ба муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусии гимназияи Гёте ташриф овард.
Хонандагони ин муассисаи таълимӣ баъди пазироии Сафир, барномаи фарҳангиеро барояш тақдим доштанд.

Муҳассилини муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусии гимназияи Гёте барномаеро дар шакли «нишасти матбуотӣ» бо ҳузури масъулини давлатӣ ташкил намуда, доир ба имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони олмонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби хонандагон суруду таронаву саҳнаҳои ҷолиб дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Дӯстӣ ва ғайраҳо хонда шуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...