Навгонӣ
07 Феврал 2018
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар соли 2018 баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раъно Ҳошимзода, раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Аъзои Комиссия дар ҷараёни баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва мактубҳои мақомоти дахлдор масоили вобаста ба иваз намудани номи кӯдаки ноболиғ, ҷойгир намудани тифл дар «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд, ба қайд гирифтани хона ба номи ноболиғ, муошират намудан бо фарзанди ноболиғ, таъин намудани парастории муваққатӣ, кирдорҳои нобилиғони душвортарбия ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.Муфассал... Шарҳ додан