Навгонӣ

Хонандагон аз вазъи қисмҳои ҳарбӣ огоҳӣ пайдо намудандБо эҳтимоми комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи хонандагон баҳри дӯстдории Ватан ва ҷалби онҳо баҳри хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии комендатураи ҳарбии вилояти Суғд рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд аз вазъи буду боши сарбозон ва шароити хизмати онҳо бохабар гардиданд. Ҳамзамон аз тарзи истифодаи яроқу василаи ҷангӣ бо кӯмаки афсарон бархӯрдор шуданд.

Убайдулло Сафарзода, сарбози қисми ҳарбӣ аз вазъи хизмати ҳарбӣ ба хонандагон маълумот дода, таъкид сохт, ки муддати 10 моҳ мешавад, ки дар ин қисми низомӣ сарбаландона хизмат намуда истодааст. Имрӯз дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Баргузории озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” дар маҳаллаҳо ва идораву ташкилотҳои шаҳр

Дар 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бахшида ба соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла даври аввали озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” ташкил ва гузаронида мешавад.

Ҳамзамон тибқи нақшаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” дар муассисаҳои тандурустӣ, коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти оликии касбӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор ва ғолибон муайян карда мешаванд.

Таъкид мешавад, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа муаррифии бештари ҳунарҳои мардумии шаҳр ва тарғибу ташвиқи шоистаи он мебошад.

Якшанбеи гузашта беш аз 600 бех ниҳол шинонида шуд

Субҳи дирӯз бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва беш аз 500 нафар кормандони касбу кори гуногун дар се мавзеъи шаҳри Хуҷанд: маҷмааи варзишии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва майдони назди меҳмонхонаи «Эҳсон» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ маҷмуъан  наздик 500 бех ниҳоли навъи ардач беш аз 100 бех ниҳоли санавбар шинонида шуданд. Ҳамзамон дар хиёбони Раҳим Ҷалил беш аз 160 метри мукааб замин барои шинонидани гули садбарг омода карда шуд.

Мақоми аввали хонандагони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаи тенисДар мусобиқа оид ба тениси рӯйи мизии байни хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҷои якум насиби дастаи Хуҷанд гардид.
Дар қувваозмоии мазкур аз рӯи намуди тенниси рӯйи миз ҷои дуюм насиби дастаи Спитамен ва ҷои сеюмро дастаи Конибодом ишғол намуданд.
Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба ғолибон ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи хаёти солим байни наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб роҳандозӣ гардид.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо шаҳрвандони Федератсияи Россия гардид, бо андуҳи амиқ ва эҳсосоти дарду алам дарёфтам.

Дар робита ба ин талафоти вазнин ҳамдардӣ иброз намуда, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро изҳор менамоям».

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...