Навгонӣ

Шанбегӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 32Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 32-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади тозаву хуррамнамоии атрофии муассиса ва сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал  шанбегӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар шанбегӣ 34 нафар кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистон фаъолона иштирок намуда, аз тарафи онҳо 25 бех ниҳолҳои ороишию гулхои мавсимӣ ва 43 бех ниҳоли олуча шинонида шуданд.

Заминҳои назди муассиса киштгардон ва бо мақсади рафъи мушкилоти бапешомада 30 метр қубурҳои ташноб азнавсозӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки алҳол дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 32-и шаҳри Хуҷанд, беш аз 230 нафар кӯдакон аз ҷониби   13 нафар мураббияҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Пешгирии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдаконҶиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, дар асоси нақшаи кории Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Хуҷанд рейди муштараки Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ШПҲБНҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҶДММ “Агубини Умр”, ҶДММ “Попирус”, ҶДММ “Шоҳшир”, маркази савдои “Оазис” ва маркази копутерии “Формула-55” гузаронида шуд.

Ҳангоми санҷиш дар ҶДММ “Попирус” 8 (ҳашт) нафар ноболиғон, ки дар сехи мазкур кор мекарданд, ба қайд гирифта шуданд, ки ҳамагон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр буданд.

Ба роҳбарияти корхонаҳо ва марказҳои савдову компутерӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаҳмонида шуда, масъулин муваззаф гардиданд, ки бо волидони хонандагони бақайдгирифташуда ва масъулини муассисаҳои таълимӣ корбарӣ намоянд.

Маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ»Дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» дар мавзўи «Муносибати гендерӣ ва нақши он дар ташаккули хусусиятхои психологии зан» баргузор гардид, ки дар намояндаи раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рухшона Тўхтаева ва мутахасиси пешбари шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Зайнура Шарипова, омўзгорону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дотсенти кафедраи психологияи умумӣ Азиза Мансурова оид ба мафҳуми гендер, хусусиятҳои психологии зан, нақши зан ва мард дар оила маърӯза намуд. Дар рафти маҳфил аз тарафи донишҷўёни факултети забонҳои хориҷӣ саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода шуд.

Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол ва танзими муҳоҷират дар РусияДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи санаду меъёрҳои ҳуқуқии қабулнамудаи  Федератсияи Русия оид ба татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол дар ин кишвар мулоқоти сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ бо сардорону шуъбаю сохторҳои шаҳр, раисони кумитаҳои маҳаллаю хонаҳои баландошёна ва фаъолон сурат гирифт.

Мулоқотро роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд  Абдуваҳҳоб Ҳомидзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи гузаронидани чорабиниро шарҳ дод.

Сипас, Зайнура Шарифӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки “Дар давоми соли 2017 аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд 134389 нафар ба хориҷа сафар карданд.

Миёни Душанбе ва Хуҷанд автобусҳо равуо мекунандКомиссияи махсуси байни мақомоти марбута имкони роҳандозии мусофиркашонӣ бо автобусҳо байни минтақаи ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст.

«Барои омӯзиши ин масъала комиссияи махсуси иборат аз намояндагон Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо таъсис дода шуд», - гуфт зимни нишасти хабарӣ роҳбари Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Хизиров. Ӯ қайд кард, ки аъзои комиссияи зикршуда ҷиҳати санҷиши имконоти ифтитоҳи хатсайрҳо ба ин самт бо автобуси ширкати Asian Express Terminal аз Душанбе то Хуҷанд ва аз он ҷо боз ба пойтахт баргаштаанд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...