Навгонӣ
18 Апрел 2018
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муаррифии муовинони нави Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарорҳои хешро ба тавсиб расонд, ки тибқи он Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода ба вазифаҳои муовинони Раиси шаҳр таъин гардиданд.
Фирӯза Нуруллозода хатмкардаи факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла то ба вазифаи декани факултети забонҳои шарқ кор кардааст. Солҳои 2010-2011 дар мансаби мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд низ фаъолият дошт.Муфассал... Шарҳ додан







