Навгонӣ

(6 овоз, миёна 2.67 аз 5)

Маҳфили ватандӯстӣ дар кӯдакистони № 16-и шаҳри ХуҷандДар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 16-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кӯдакону мураббиёни ин муассиса ва сарбозони қисми ҳарбӣ  чорабинии тарбиявӣ сурат гирифт.

Маҳфил бо танинандозии Суруди миллӣ оғоз гардида, кӯдакон дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Парчам, Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд. Саҳначае бо номи «Хизмати Ватан» бо иҷрои тарбиягирандагони ширхоргоҳ-кӯдакистони № 16-и шаҳри Хуҷанд бо санъати баланд намоиш дода шуд, ки ғояи онро дӯст доштан ва ҳифз намудани  марзу буми кишварро ифода мекард. Сурудҳои «Садоқат» ва «Тоҷикистон» бо ифтихори баланди миллӣ аз ҷониби кӯдакон садо дод. Рақсу бозиҳои ҷолиби дигари маҳфил табъи тарбиятгирандагони ин муассисаро болида намуд.

altИмрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 - ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои мазкур аз се қисм, қисмати А, Б ва В иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад. Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, бинои истиқоматӣ тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд шудааст.

Фармоишгари бинои мазкур Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати баланд сохта ба анҷом расониданд.

alt21 феврали соли 2018 дар арафаи таҷлили 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ - Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидааст.

altБаъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.

Дар ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқарарот ҳайати низомӣ, ротаи қаровули фахрӣ ва Оркестри ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Бинои нави таълимӣ, ки дар арафаи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Ватанпарвар» дар гимназияи №4Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини комисари ҳарбии шаҳри Хуҷанд капитан Мирзоҳафиз Миракзода, ҷонишини сарвари мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр Саидориф Каримов, корманди шуъбаи тиббии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковник Рустам Тошпӯлотов, як гуруҳ собиқадорони мақомоти қудратӣ ва устодону муҳассилини гимназия иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур 7 дастаи синфҳои 11-и ин муассисаи таълимӣ бо ҳам аз рӯйи  шартҳои рӯзномаи деворӣ, фаъолияти командир, сафороӣ, ёрии аввали тиббӣ, ҷаҳидан бо арғамчин, аз ҷой ба дарозӣ ҷаҳидан, тирандозӣ, ба қисмҳои ҷудо ва ҷобаҷонкунии силоҳи оташфишонии тамғаи «Калашников», сангбардорӣ, турниккашӣ ва ғайраҳо қувваозмоӣ намуда, маҳорати хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...