Навгонӣ
24 Феврал 2018
23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат аз роҳи пуршарафи тайкардаи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ки аз сифр оғоз гардидаву ба як неруи пуриқтидори мудофиавӣ мубаддал гардидааст андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳанӯз бисту панҷ сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар вогузор шуда буд ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.Муфассал... Шарҳ додан