Навгонӣ

Гулпӯшу гулбасар бош, Хуҷанди азиз!Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, № 968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, № 89 «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 9 апрели соли 2018, № 179 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муҳаммад Осимӣ дар мусобиқаи шоҳмот мақоми дуюмро гирифт

Тавре, ки иттилоъ дода будем мусобиқаи шаҳрӣ оид ба шоҳмот байни хонандагони мусассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр барои дарёфти мукофоти Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи æавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» санаҳои 1-3 майи соли 2018  ҷараён дошт, имрӯз он дар муассисаи таълимии барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда шуд.

Ҳайати ҳакамот баъди баҳогузорӣ муайян намуданд, ки  байни писарон ҷои якумро Дориюш Усмонов,  хонандаи гимназияи ба номи Ё.В.Гёте, ҷои дуюмро Муҳаммад Осимӣ хонандаи литсейи донишкадаи политехникӣ ва ҷои сеюмро Ҷаъфар Деҳқонов  хонандаи гимназияи ба номи Ё.В.Гёте соҳиб гардиданд. Аз байни духтарон мақоми аввалро Мўниса Раҳимова хонандаи гимназияи №24, ҷои дуюмро Мухбира Саидалиева хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №11 ва ҷои сеюм Замирахон Алиева хонандаи мактаби хусуси “Гулчини маърифат” ба даст оварданд.

Сабрина Кенҷаева-ғолиби озмуни «Донояк»Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №40 озмуни шаҳрии «Донояк» баргузор гардид ва ғолибон муайян карда шуданд.

Шоҳҷоиза насиби тарбиятгирандаи ширхоргоҳ-кӯдакистони №33 Сабрина Кенҷаева, ду ҷойи якумро тарбиятгирандаи ширхоргоҳ-кӯдакистони №13 Малика Икромова ва тарбиятгирандаи кӯдакистони хусусии «Дилоро» Ганҷина Ашӯрова, ҷойи дуюмро тарбиятгирандагони кӯдакистони №20 Меҳронаи Тоҳирӣ ва Фарида Шукруллозода ва ҷойи сеюмро тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои №6, №36 ва №37 Махфират Раҳимова, Сумая Арипова ва Шоҳина Исмоилова ба даст оварданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки иштирокчиёни озмун аз рӯйи шартҳои саломнома ва муаррифии он, қироати шеъри кӯдакона, бозидани нақшаи асосӣ аз рӯйи қаҳрамонҳои «Афсонаҳои халқи тоҷик» ва суруд ё рақс дар оҳанги мусиқии миллии кӯдакона бо ҳам рақобат намуданд.

Саноатчии муваффақДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ - назариявӣ бахшида ба фаъолияти меҳнатии Корманди шоистаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ғаффорхон Муҳитдинов  таҳти унвони "Саҳми Ғаффорхон Муҳитдинов дар пешрафти  соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни маърӯзаи хеш гуфт, ки “Истиқлолияти давлатӣ бо сайъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти кишвар пешравиҳои назаррасро фароҳам овард. Дар ин росто саҳми фарзандони кордону садоқатманди фарзонаи миллат низ боризу назаррас арзёбӣ мегардад."

Таъкид шуд, ки Ғаффорхон Муҳитдинов соли 1993 Академияи хоҷагии халқии назди Ҳукумати Федератсияи Русияро хатм намуда, солҳои 1993-1994 дар вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд кор кардаанд.

Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар Чемпионати Осиё медали биринҷӣ ба даст овардДастпарвари мактаби захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд, муҳассили МТМУ№18-и шаҳр Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар Чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Бангкоки кишвари Тайланд сазовори медали биринҷӣ гардид.

Ба ин муносибат истиқболи расмии варзишгар дар назди Кохи «Суғдиён»-и шаҳр бо иштироки варзишгарон, хонандагон ва ҷавонони фаъоли шаҳр дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.

Мудири бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ин дастовардро қадами устувор дар иштирок ба Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс унвон намуда, миннатдории Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба варзишгар   Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов расонд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...