24 Июл 2018
Тобистон айёмест, ки ба инсоният баробари бахшидани нерӯ, муаммоҳоро низ пеш меорад. Аз он ҷумла, гармии аз ҳад зиёди ҳаво аст, ки нурҳои баланди офтоб метавонанд ба организми инсон таъсири амиқ расонанд. Тибқи маълумоти мутахассисони ин соҳа ҳарорати баланд ва пасти муҳити беруна ба вайроншавии мубодила таъсир расонида, сабабгори гармшавии аз ҳад зиёди одам мешавад.
Маркази назорати давлатии снитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ҳам вобаста ба гармшавии ҳарорат қарори дахлдор бароварда, як қатор чорабиниҳоро зери назорат гирифтааст.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш, заҳролудшавӣ аз мавод ва маҳсулоти қаннодии кремдор, нӯшокиҳои хонагии ташнагишикан, хуришҳои дар шароити хона тайёркардашуда, ҳамзамон бо ҳадафи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар марҳилаи фасли гармо истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор дар муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеъият, ки хулосаи санитарию эпидемиологии мақомотҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро надоранд, манъ карда шуд.