Навгонӣ

altДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Хуҷанд доир ба маҳкум намудани амалҳои терорристӣ ва пешгирии фаъолияти аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистидошта бо ҳузури роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, роҳбарон ва муовинони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, варзишгарон, имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, раисони Шӯрои занон ва Шўрои ҷавонони кумитаи маҳаллаҳо баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

altСубҳи имрӯз 25 адад автобусҳои нав, яке бо хатсайри микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбонҳои Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ва дуюмӣ аз микроноҳияи 3-юм тариқи роҳи байни микроноҳияҳои 8-12 ва 12-13 (кӯчаи Усмон Қосимов) сипас ба воситаи кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро оғоз бахшиданд.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввали ба фаъолият оғознамоии автобусҳо, яъне 1-уми августи соли равон дар масирҳои номбурда ба шаҳрвандон хизматрасонии комилан ройгон ба роҳ монда шуд.

Шуруъ аз 2-юми августи соли равон нархи роҳкирои автобусҳо дар сайрхатҳои номбурда ҳамагӣ 1 сомонӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ муайян гардидааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altТибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дониёрова таъин карда шуд.

Мухбира Дониёрова баъди хатми мактаби миёна соли 1994 ба ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, соли 1999 онро хатм намуда, дар донишгоҳи номбурда ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшид.

Ҳамзамон дар ин муддат Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода, сардори шӯъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова ва дигар аъзоёни Комиссияи маҳаллии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ ва экологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва як гурӯҳ муҳоҷирони экологӣ доир гардид.

Дар ҷараёни маҷлис масъалаи ташкили инфрасохтор дар маҳалҳои барои муҳоҷирони экологӣ ҷудогардида баррасӣ шуд.

Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар Миср: “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвонулмуслимин” ва ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ” Конференсияи мазкур зери сарпарастии пажуҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср - Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии “Ҳивор” ва Намоишгоҳи баҳрӣ барпо мегардад.

Мавзӯи конференсияи мазкур: “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвонулмуслимин” ва ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ” мебошад. Муҳиммияти конференсия масъалаи мубориза бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон, шабоҳати вазъияти ду кишвар ва вуҷуди созмонҳои террористие ба мисли “Ихвонулмуслимин” ва ҲНИ, ки ҳардуи он кӯшиши ноором сохтани суботи ду кишварро доранд, мебошад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...