Навгонӣ
13 Июл 2018
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир ба ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳоронаи соли 2018 бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раисони кумитаи маҳаллаҳо, кормандони комиссариати ҳарбӣ, аъзои комиссияи даъвати ҳарбӣ ҷаласа баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро оғоз бахшида, гуфт, ки ҳадафи баргузории ин нишаст таҳлили ҳамаҷонибаи кори Комиссияи шаҳрӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, мушкилот ва тарҳрезии нақшаи дурнамо мебошад.
Сипас, раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода аз фаъолияти комиссия маълумот дода аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷиҳати таъмини Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 12 марти соли 2018, №1036 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000»Муфассал... Шарҳ додан







