Навгонӣ

Муобиқаи волейбол натиҷагирӣ карда шудДар асоси нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2018, бо мақсади тарғибу ташвиқи волейбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр дар давоми соли хониш Лигаи шаҳри Хуҷанд оид ба намуди волейбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳрӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 12 даста байни духтарон ва 24 даста байни писарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳрӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва дар натиҷа ҷои якумро байни духтарон муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №23, ҷои дуюмро дастаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва ҷои сеюмро дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 16 ба даст оварданд.

alt4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки “Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд”.

Аз робитаҳои бародарӣ ва мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

alt4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярторо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот, ки дар фазои самимӣ ҷараён гирифт, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо манфиатдорем.

alt4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбарро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки айни замон ҳамкории кишварҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҷараёни мусбатро касб кардаанд ва мо ҷонибдору ҳавасманди густариши равобити гуногунҷанба бо Ҳиндустони дӯст ҳастем.

Татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба номида шуд.

alt4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ки самтҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодӣ, обу энергетика ва нақлиётию транзитиро дар бар мегирад, барои таҳкиму густариши онҳо ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дуҷонибаро зарур шумурданд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...