19 Март 2018
Сокинони беш аз 8 ҳазор нафараи маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд бо муҳассилину омӯзгорони МТМУ №21 Наврӯзи байналмилилалро таҷлил намуданд.
Дар муассисаи номбурда байни синфҳои 11 озмуни наврӯзӣ баргузор ва ғолибон муайян карда шуданд. Суруди таронаҳои наврӯзӣ, махсусан «Суманак» ва «Бойчечак» бо маҳрати баланд саройида шуд.
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти маҳаллаи «Навбаҳор» аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сокинонро бо Наврӯзи байналмилал табрику таҳният гуфтанд.
Зикр гардид, ки яке аз суннату таомулҳои неки Наврӯз ин аз кинаву кудурат пок кардани дилҳо, бахшидани гуноҳҳо, авфи якдигар, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, мӯҳтоҷону эҳтиёҷмандон, инчунин афрӯхтани гулхани наврӯзӣ, густурдани ҳафтхони наврӯзӣ, шинонидани ниҳол, ҷуфтбаророн, пошидани донаи умед, баргузор кардани мусобиқаҳои паҳлавонӣ ва таконидани ҷиҳозу асбоби хона мебошад.