Навгонӣ

altБо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ дар дармонгоҳи №6-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо занони маҳаллаи Бофанда ва кормандони дармонгоҳ мазкур сурат гирифт.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссар Сангинова гуфт,ки оийини ҳар халқу миллат таьриху маданияти он маҳсуб меёбад, ки ҷузьи ҷудонашавандаи фарҳанг буду ҳаст. Халқи фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аз қадим соҳиби фарҳанги воло буда, имруз низ он арзишҳоро ҳифз намуда,барои ояндагон ба мерос мегузорад. Рисолати мо аз он иборат аст,ки ин арзишҳои гаронбаҳоро ҳифз намоем, дар раванди таҷдид ва ташаккули онҳо саҳмгузор бошем. На балки ба либосҳои бегона пайравӣ намоем.

(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altТибқи як қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади дар сатҳи баланд таъмин намудани талаботи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гуруҳи корӣ муваззаф гардидааст, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни зикргардида нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, доир ба тарғиби соҳибкорӣ байни аҳолӣ, бахусус миёни ҷавонон, занону духтарон тадбирҳо андешад.

Дар пояи қарори мазкур, силсилаи иқдомҳои зиёд, аз ҷумла ташкили рӯзи ягонаи вохӯрии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкорон, таъсиси маҳфили соҳибкорони ҷавон, ташкили семинарҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидорҳои технологӣ ва идоракунии кормандони корхонаҳои хурду миёнаи шаҳр, баргузор намудани мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои марбут ба тиҷорат, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии соҳибкорон,

alt3 июл дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Рӯзномаи ҷаласа танҳо аз як масъала - муаррифии “Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор” иборат буд.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баргузор гардид. Раиси Шӯро Мӯъминҷон Орифӣ онро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд.

Сипас, дар бораи фаъолияти Шӯрои сбиқадорони ҷангу меҳнат, дастовард, муамову мушкилот, раванди ислоҳи камбудиҳо аз ҷониби Раиси Шӯро Мӯъминҷон Орифӣ маълумот дода шуд.

Таъкид шуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 36 ташкилоти ибтидоии кӯҳансолон бо фаргирии 1508 нафар собиқадорон фаъолият дорад. Шӯрои собиқадорон дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст.

altБо мақсади баланд бардоштани дараҷаи омодабошии мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва сатҳи тайёрии ҳарбии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта, дар асоси фармонҳои Вазири мудофиа-муовини аввали Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссари ҳарбии вилояти Суғд-Сардори горнизони Суғд «Оид ба ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбии бо ихтисосҳои қайдгирии ҳарбии камёфти шаҳрвандони дар эҳтиётбуда» чорабинӣ баргузор гардид.

Ин ҷамъомади ҳарбӣ дар яке аз машқгоҳҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки беш аз 120 нафар шаҳрвандони дар эҳтиётбудаи шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, дар ҷараёни он аз тарафи афсарон ба шаҳрвандон машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...