Навгонӣ

Беҳтаринҳо муайян гардидандДар гимназияи №1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бахшида ба Соли ҷавонон ба мақсади ташвиқи варзиши сабук, мустаҳакам намудани алоқаи дӯстӣ, баданд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои аъзои дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ байни толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Мусобиқаҳои варзиши сабук аз рӯи намудҳои спринт- дав бо монеа, формула-1, ҷаҳидан ба дарозӣ, ҳаво додани найзаи кӯдакона, ҳаво додани ҳалқа бо гардиш, давидани пурбардоштона гузаронида шуд. Дар мусобиқаи варзишӣ дастаҳои МТМУ №22, 19, 10, 7, 21, М/Х «Файз», «Гулчини маърифат», гимназияи №1 ва дигарон ширкат варзида, бо чусту чолокии ба худ хос намудҳои варзиши сабукро иҷро карданд.

Сафири давлати Украина дар шаҳри ХуҷандСафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк ба вилояти Суғд бо сафари корӣ қарор дорад.
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Сафири давлати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк бо бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мулоқот оростанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Виктор Никитюкро ба шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки мулоқоти имрӯза баёнгари дӯстию рафоқати мардуми ин ду кишвар аст.
Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки дар бартарафсозии ин садама аз вилояти Суғд беш аз 1000 нафар шаҳрвандон иштирок намудаанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ободии диёр аз хонаву дари худ оғоз меёбадДар доираи эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву варзишӣ доир гардида истодаанд.
Наздики як моҳ  байни бошандагони хобгоҳи донишкада озмуни «Ҳуҷраи беҳтарин» ва «Ошёнаи беҳтарин» ҷараён гирифта, дар он ҳамаи донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматдошта фаъолона ширкат варзиданд.
Рӯзи гузашта озмуни мазкур ҷамъбаст гардид.
Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зарурияти баргузории чунин озмунро дар соли барои ҷавонон муҳим қайд намуда, таъкид дошт, ки дӯст доштани Ватан аз хонаву дари худ оғоз меёбад. Бояд ҳар як насли худогоҳу хештаншинос барои ободии макони зист, ҷое, ки он ҷо таълим мегираду ба камол мерасад, кӯшиш варзад. Сарвари донишкада иқдоми пешгирифтаро қадаме ба пеш ба сӯи омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона номид.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардидРӯзи шанбеи 1 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Алишер Шарифов муаррифии раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017 бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз аз вазифа озод карда шуданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки фаъолони шаҳри Хуҷанд раиси нави шаҳри Хуҷанд низ муаррифӣ гардид. Абдураҳмон Қодирӣ барои хизматҳояш ба Шарифзода Шариф Файз изҳори сипос намуда, ба раиси нави шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таваҷҷӯҳ ба рушди футбол дар ДПДТТБо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш рӯзи гузашта бо иштироки шумораи зиёди устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон майдончаи футболи назди хобгоҳ ба истифода дода шуд.
Дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Бояд гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, аъзо шудан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...