Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд мавсими мумфаршкунии кӯчаҳо оғоз ёфтДар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар марказивилоят шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад. Баробари фароҳам омадани ҳавои мусоид корҳои таъмиру ҳамвор намудан ва мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳр шурӯъ гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаи «Роҳи абрешим»- маҳаллаи «Навбаҳор» ширкат намуд.
Назар ба маълумоти масъулини Идораи роҳсозии шаҳр масофаи кӯчаи мазкур 375  метрро ташкил дода , роҳсозони шаҳр  таъмир ва муифаршкунии пурраи роҳро давоми 4 рӯз ба нақша гирифтаанд.

(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд барои ислоҳи камбудиҳо як моҳ мӯҳлат додБо мақсади таҳкими корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ба тартиб даровардани мағозаю марказҳои хизматрасонии шафати роҳҳо давоми ду рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ, идораҳои ободонию кабудизоркунӣ, меъморию шаҳрсозӣ, заминсозӣ, чароғонкунӣ ва ғайра аз ду кӯчаи марказии шаҳр, хиёбони И. Сомонӣ ва кӯчаи К. Хуҷандӣ  боздиди корӣ намуд. Дар рафти он Раиси шаҳри Хуҷанд масъулинро ба сатҳу сифати корҳои ба анҷомрасондани сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ барои таҷлили Наврӯз равона намуд. Новобаста аз он, ки дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонда шудаанд, лек ҳамоно барои ба тартиб ва талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ будани ин ду кӯчаи асосии шаҳр корҳои зиёдеро ба анҷом расондан лозим аст.

Раиси шаҳр вусъати корҳои ободонию созандагиро талаб намуд

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар кори он муовинони Раиси шаҳр, роҳбаридастгоҳ, мудирони шӯъбаю бахш роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти маҳаллӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо иштрок намуданд. Дар оғози кори ҷаласа ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр Ҷамшед Набизода оиди пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд аз 23 феврали соли 2017 №9/1-17472п/ҷ “Оиди бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат намудаанд” ҳозиринро шинос намуд. Вобаста ба ин пешниҳоди мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд  ба сардори идораи замини шаҳр Абдухалил Ёрматов, мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Абдумубин Исоев баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани қонуншикании истифода ва тақсимоти замин, ҳамчунин дар оянда такрор наёфтани он супоришҳои мушаххас ва қатъӣ дод.

Баргузории мусобиқаи футболи хурд байни духтаронДар доираи эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкории бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи маорифи шаҳр дар  муассисаи варзишии наврасону кӯдаконаи рақами яки шаҳри Хуҷанд давоми 20 рӯз мусобиқаи хурди футбол байни духтарони хонандагони мактабҳои шаҳр доир гардид.
Дар даври ниҳоии мусобиқа футболбоздухтарони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 бо толибилиони гимназияи рақами 1 вориди рақобат гардида онҳоро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст доданд. Ҳамин тавр футболбозони МТМУ№6 Ҷоми ин мусобиқаро ба даст оварданд. Ҷойҳои дуюму сеюмро варзишгардухтарони гимназияи рақами 1 ва гимназияи рақами 24 ба даст оварданд.

Сокинон барои ободии маҳаллаи худ саҳм мегузоранд.Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад.
Сокинони маҳаллаи «Чорчароғ» давоми се рӯз мешавад, ки тариқи ҳашар яке аз кӯчаи маҳалла,ки номи М Ахмедовро дорад тахту ҳамвор намуда бетонпӯш менамоянд.
Қаблан дар кӯчаи мазкур ҳангоми боришоти зиёд об ҷамъ шуда ба гаштугузори сокинон мушкилӣ эҷод менамуд.
Дар гузари мазкур 12 манзили истиқоматӣ буда, ҳоло сокинон кӯчаро, ки 100 метр дарозӣ дорад, аз таъмир бароварданд.
Барои ин корҳои ободонӣ ва таъмир бештар аз 8 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид, ки он пурра аз ҳисоби сокинони ин кӯча ҷамоварӣ гардида буд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...