Навгонӣ

Ҳама ба дифои ватан, ҳама ба дифои модарБа ифтихори 72-умин солгарди ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯзҳо дар сар то сари  кишварамон чорабиниҳои гуногун доир шуда истодааст.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба қаҳрамонии падарону бобоёнамон, қадрдонии заҳмати  дар ақибгоҳбудагон  ҳар сол бо иштирокчиёни ин набард дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрӣ доир мегардад.
Чунончӣ, Мирзоалиев Сотимбойи 92-сола, ки иштирокчии фронти 2-юми Украина буданд, меҳмони устодону донишҷӯёни донишкада гардиданд.
Муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки 9 май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, некӣ ба бадӣ ва дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукӯҳ таҷлил мешавад.

Мусобиқаи варзишии корхонаю ташкилотҳо оғоз ёфтБо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҷмаи майдончаҳои варзишии маҳаллаи «Суғдиён» мусобиқа барои дарёфти мукофоти ширкати «XL» оид ба футболи хурд байни идораҳо ташкилотҳо ва корхонаҳо бахшида ба соли 2017 “Соли ҷавонон” оғоз гардид.
Дар расми кушоди ин чорабинии варзишӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар мусобиқа 20 даста иштирок дошта, бозии байни дастаҳо то санаи 25 май идома меёбад.
Барои беҳтарин дастаҳои ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ супорида мешавад.

Иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия ҳамчунин муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ширкат доштанд. Дар иҷлосияи мазкур ҳамчунин баробари 38 нафар вакилон ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд.
Баъди интихоби котиботи иҷлосия вакилон рӯзномаи маҷлисро  иборат аз ҳашт масъала барои баррасӣ тасдиқ намуданд.
Мувофиқи масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд  Назира Ғаффорӣ  лоиҳаи  қарорҳои дахлдорро  дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Шарифзода Ш.Ф.   ва дар бораи «Тасдиқ кардани ба вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин намудани Муҳаммадзода Маъруф ба овоздиҳии вакилони шаҳрӣ пешниҳод намуд.

Таҳкими сулҳу осоиштагӣ қарзи ҳар як нафар астДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи фаъолони шаҳр баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин прокурори шаҳр мушовири адлияи дараҷаи 1 Солизода Арабшо, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Ҷалилзода Эмин Карим,  Саидзода Зикрулло Алӣ- сардори факултаи 4-уми академияи ВКД, муовини сардори Академия, Шарифзода Мавҷуда-Раиси суди шаҳр, Исмоилов Алишер - сардори шӯъбаи шаҳрии КДАМ иштирок намуданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маҳфуза Усмонова – ғолиби озмуни «Донояк»Дар кӯдакистони №25-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон, 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Донояк» баргузор гардид. Дар озмун тарбиятгирандагони беш аз 30 муассисаҳои томактабии шаҳр иштирок карда, ҳунару истеъдоди хешро аз рӯи шартҳои: саломнома, шиносоӣ ва қироати шеъри кӯдакона, олами ҷавонон бо чашми кӯдакон, кори амалӣ, пурра намудани расми парранда, рақс ё суруд дар оҳанги миллии кӯдакона намоиш доданд.
Ҳайати ҳакамон ба истеъдоди ҳар як нафар тарбиятгиранда баҳои арзанда ва воқеӣ дода, беҳтаринҳро муайян намуданд.
Маҳфуза Усмонова аз кӯдакистони №25 ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Шоҳҷоизаи озмунро Абдусалом Дадобоев аз МТТ №23 ба даст овард. Фарзона Маҷидова аз кӯдакистони №40 ва Ойиша Нурматова аз кӯдакистони №16 ба гирифтани мақоми дуввум мушарраф гардиданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...