Навгонӣ

Шабакаҳои барқи шаҳр соҳиби ошхона шуд

Дар доираи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд маҷлиси идона баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барқчиёнро бо фарорасии Иди Истиқлолият таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки  ягон кишвари дунё бе рушди энергетика тараққӣ карда наметавонад ва истифодаи ин захираҳо, хусусан, барои Тоҷикистон, ки соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолии он дар мавсими тирамоҳу зимистон бо танқисии шадиди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешаванд, амри зарурӣ ва ногузир аст. Тавре ки медонед, дар кишвари мо соҳаи энергетика сол аз сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст.

«Файзи Истиқлол»- намоиши амалҳои рассомон

Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Арт-галереяи «Сомониён» ифтитоҳи намоиши амалҳои рассомон таҳти унвони «Файзи Истиқлол» бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Маъруф Муҳаммадзода ширкаткунандагони намоишномаро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, ба эҷодиёташон комёбиҳо таманно намуд. Ва афзуд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол, ифтитоҳ гардидани намоиши рассомон таҳти унвони «Файзи Истиқлол» хеле рамзист. Чунки дар он нафақат манзараҳои табиати диёри офтобӣ, балки он дастовардҳое, ки дар тӯли истиқлолият рассомони тоҷик ба даст овардаанд, намоиш дода мешавад. Халқи тоҷик аз давраҳои қадим ба санъати тасвирӣ рағбати беандоза дошт.

Аёдати 94 нафар кӯдакони имконияташон маҳдудДар арафаи ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз тарафи намояндагони сарпарастон кӯдакони имконияташон маҳдуди муассисаи таҳсилоти томактабии №26 –и шаҳр аёдат карда шуданд. Ба онҳо тӯҳфаҳо хотиравӣ ва дастархони идона густурда шуд.
Бояд қайд намуд, ки кӯдакистони мазкур барои наврасони қувваи босирашон суст ва нобино пешбинӣ гардида, дар он 94 нафар таълиму тарбия мегаранд ва ҳамеша зери назорати қатъии шуъбаи маориф ва роҳбарияти шаҳр қарор доранд.

(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Қадршиносии пешқадамони арсаи меҳнат ба шарафи Истиқлолият

Субҳи имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии фаъолонони арсаи меҳнат, ғолибони озмунҳо ва пешқадамон ба муносибати 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла гуфт, ки Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардум аст. Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.

Таъмири роҳҳои шаҳри Хуҷанд вусъат меёбад

Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ вусъат мегиранд.
Дирӯз аз тарафи идораи истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд дар кучаи Хушбахтии шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру азнавсозӣ сурат гирифт. Ин иқдом бо ҷалби сокинони маҳаллӣ, соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид. Сокинони маҳал аз ин ташаббуси созанда изҳори хушнудӣ намуданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...