Навгонӣ

«Хуҷанд» «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии марказии даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бо ҳузури беш аз 2000 тамошобин барпо гардид. Ду голи мизбононро капитани даста Манучеҳр Аҳмадов ва як голи дигарро Хуршед Бекназаров ба ҳадаф расонданд. Ду голи меҳмононро Комрон Турсунов ва Шодибек Ғаффоров ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Хуҷанд», ки дар ҳамин ҳол бо 30 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвал қарор гирифтааст, муборизаро барои медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқот бо рақиби аслиаш — КМВА «Помир»-и Душанбе идома медиҳад.

Озмуни муассисаи нави таълимӣ

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои қабули хонандагон ба Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат ва кор дар ин муассисаи таълимӣ омӯзгоронро барои иштирок дар озмун даъват менамояд.
Тавре, ки ба мо мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонӣ иттилоъ дод, ба ин муассаи таълимӣ хонандагонро тариқи озмун ба синфҳои 1-9 қабул карда мешавад ва озмун барои синфҳои 1 шифоҳӣ, ба дигар синфҳо тариқи хаттӣ гузаронида шуда, ба муҳассилине, ки дар олимпиадаҳои шаҳрию вилоятӣ сазовори ҷойи аввал гаштаанд, имтиёз дода мешавад. Довталабоне, ки ба сифати омӯзгор дар ин муассисаи таълимӣ фаъолият намуданиянд, бояд на кам аз 3 сол фаъолияти омӯзгорӣ дошта бошанд, яке аз забонҳои хориҷиро донанд, бо тахтаи электронӣ, интернет ва компутер кор карда тавонанд.

Ҷалби 150 нафар ба ҳашари чиниши пахтаРӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо иқдоми Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зиёда аз 150 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои марбутаи он, шоиру нависандагон, омӯзгорон, аҳли фарҳанг бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шуданд.
Ҳашарчиён дар хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви минтақаи Варашилобод ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо истифода аз ҳавои мусоид мо бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем.

Нақши Рӯдакӣ дар густариши маснависароии тоҷикНишасти 154-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи забон дар толори факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров баргузор гардид. Дар он бештар аз 200 нафар устодону донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро масъули маҳфил номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Нахуст ӯ оид ба ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар карда, муҳимияти ин санади мардумиро таъкид кард. Ӯ гуфт ин санади муҳим аз он шаҳодат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари андешаи ободиву осудагии мардум моро ба сӯи маънавиёт раҳнамоӣ менамоянд.

(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Танзим-баракоти рӯзгор

Имрӯз низ дар доираи силсилавохӯриҳо ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар мактаби хусусии «Ирфон», муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №5 ва коллеҷи педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мулоқот сурат гирифт.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...