Навгонӣ

Дар Рӯзи шаҳр 6 нафар тифл ба дунё омадДирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз таваллудхонаи шаҳрӣ боздид намуда, ба 6 нафар кӯдаконе, ки дар Рӯзи шаҳр таваллуд шудаанд, маблағҳои пулӣ тақдим намуд.
Ҳамин тавр, Умеда Ахмедова, Бишарифа Қобилшехова, Дилбар Азимҷонова, Муҳиба Ҳомидова, Маҳина Бурҳонова ва Муҳибахон Умарова аз ҷумлаи модарони хушбахт буданд, ки маҳз дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд фарзанд ба дунё оварданд, эшон аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода бархӯрдор гардиданд.
Маъруф Муҳаммадзода аз вазъи саломатии кӯдакон ошноӣ пайдо намуда, ба модарон тавсия кард, ки барои тифлон номҳои асили тоҷикӣ ва ашхоси шӯҳратёру таърии шаҳри бостонии Хуҷандро гузоранд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳрШоми имрӯз бахшида ба Рӯзи Хуҷанд дар назди театри Камоли Хуҷандӣ чорабинии тантанавӣ фарогири барномаи театрикунонидашуда ва консертии ситораҳои дурахшони эстрадаи Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, меҳмонони дохиливу хориҷии чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои хуҷандиён боздид намуда, баҳои баланд доданд. Муҳассилини муассисаҳои таҳсилотии шаҳр бо шавқу рағбат ва истеъдоди нотакрори хеш маҳораташонро дар сатҳи баланд ба маърази тамошо гузоштанд, ки он меҳмононро ба ваҷд овард.
Дар қисмати расмии чорабинӣ Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин раоснда, аз ҷумла зикр намуд, ки «Дар тӯли наздик се ҳазор соли мавҷудияташ аз сари ин шаҳри тамаддунофар чӣ қадар сахтию сардиҳои таърих гузашт.

Муаррифии асарҳои эҷодкоронрони пойтахт дар Арт-галерияи «Сомониён»

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар расмикушоди намоиши асарҳои рассомон, меъморон ва дизайнерони шаҳри Душанбе бахшида ба 26-солагии Истиылолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд, ки дар Арт-галерияи «Сомониён» баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре маълум гардид, як гуруҳи калони рассомон, меъморон ва дизайнерони пойтахти мамлакат маҳсули эҷоди хешро барои сокинони маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гуфт, ки ҳадафи аслии намоиши асарҳо муаррифии тозаи маҳсули эҷоди рассомон, меъморон ва дизайнерони шаҳри Душанбе буда, ба ин васила ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шаҳри Хуҷанд ва ҷалби муштариён ба офаридаҳои устодону шогирдон мебошад.

Ташрифи шашмақомхонон ба Боғи Камоли Хуҷандӣ

Дар доираи Фестивали байналмилалии «Шашмақом» ки аз санаи 20 то 22 сентябр дар шаҳри Конибодом сурат гирифт, иштирокдорони он аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Меҳмонон зимни ташрифашон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, мақбара, ҳайкал ва хона-музейи шоири номвари тоҷик шиносоӣ ба амал оварданд.
Зимни сӯҳбат Шоҳзафар Ризқизода, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рашт изҳор намуд, ки ин мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд моро ба ваҷд овард, бояд наврасону ҷавононамонро бештар бо ин таърихи кӯҳани хеш ошноӣ намоем. Зеро гаравидани ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз фарҳангу маънавиёти асили хеш дур будани эшон гувоҳӣ медиҳад.

Ифтитоҳи чойхонаи «Мӯйсафедон»Дар доираи тантанаҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар шафати масҷиди Шайх Муслиҳиддини маркази вилояти Суғд чойхонаи «Мӯйсафедон» ба истифода дода шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мӯйсафедонро бо ифтитоҳи чойхона таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки ин иқдом бо дастуру пуштибонии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ рӯйи кор омад. Зеро ин макон замоне ба як мавзеъи ноободу бекорхобида буд ва имрӯз ба ҷойи обод, зебо ва аз ҳама муҳимаш ба истироҳатгоҳу фароғатгоҳи мӯйсафедон мубаддал гардидааст.
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят, сархатиби масҷиди  Шайх Муслиҳиддин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ин иқдомро амали хайрхоҳона унвон намуда, таъкид сохт, ки тибқи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ҷойе, ки бозору мазор аст, ҳатман чойхона бошад. Чойхонадорӣ яке аз урфу одатҳои қадимаи мо мебошад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...