18 Октябр 2017
Субҳи имрӯз дар Маркази фарҳанг маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2017 бо иштироки роҳбарони сохторҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сарварони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, миёнаи махсус ва олӣ ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар нӯҳ моҳи соли 2017 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки “Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, корхонаҳои саноатии шаҳр, мутобиқ ба шароити нави иқтисодии бозорӣ ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо, дар ҷанбаҳои мухталиф фаъолият бурдаанд, ки дар натиҷа шумораи умумии корхонаҳои калону миёнаи саноатӣ ба 155 адад расид.